БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нигини пурҷилои санъату ҳунар

Фарҳанг

Бо сабурӣ, талошу кӯшиш, ҷустуҷӯву омӯзиш баҳори зебои наврасиву ҷавониро сарфи донишу ҳунар кардам. Имрӯз сарфарозам, ки аз он барака ёфтам, ба ин рӯзи пурсаодату мақсуд расидам. Шарафёб гардидан ба медали Хизмати шоиста бароям мукофоти баланд аст. Аз ин ғамхориву меҳрубонӣ ва қадрдонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле сипосмандам. Аз ин пас бо неруву иродаи қавӣ, завқи баланд баҳри пешбурди санъату фарҳанги тоҷик ҳамчун як ҳунарманд саҳми худро мегузорам, - мегӯяд бо эҳсоси хушҳолӣ Назира Ғайбуллоҷонзода.

 

Назира Ғайбуллоҷонзодаро аҳли ҳунару санъат ҳамчун омӯзгори санъати воло, муси­қишинос, дирижёри хору композитор, роҳбари ансамбл, раиси бахши вилояти Суғди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мешиносанду ба ҳунару истеъдоди камназираш баҳои баланд медиҳанд. Ин бонуи ҳунарпарвар бо талошу заҳматҳои бисёрсола тавонист қуллаҳои баланди санъату ҳунарро фатҳ намояд. Барои ин зани соҳибҳунару бофазилат меҳри санъату ҳунар азалӣ буда, дар қиёс назир надорад. Пайванди ногусастаи ҳаёти босаодату рӯзгори ширин ва мояи ифтихору фараҳу шодмониаш аст. Бо омӯхтани ганҷинаи гаронбаҳои ин ганҷур худро дар биҳишти анбарин дарёфтааст.

Назира Ғайбуллоҷонзода дар фасли зебои сол -

14-уми марти соли 1975 дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Падару модар шаш фарзандро бо нону намаки омӯзгорӣ ба камол расонда, дар соҳибмаълумоту соҳибкасб шудани онҳо азму талоши зиёд кардаанд. Назира дар оила фарзанди сеюм аст, аз хурдӣ ҳушёру бедор. Дилбастагӣ ба мусиқию суруд барояш тасодуфӣ набуда, фаҳмиши баланди мусиқӣ дошт. Бо дарки мусиқӣ сода, аммо хеле зебо ба сози рубоб, ки бибиву бобо ва падараш менавохтанд, мерақсиду мечархид, ҳамаро моили худ мекард. Гоҳе худ низ бо ангуштони нарму маҳинаш дутор менавохт, ки гӯшнавоз садо медод. Падар ба ҳар амали ӯ бо умед назар карда, эҳсос намуд, ки дар замири гулдухтараш нисбат ба санъат шуълаяке фурӯзон аст. Вақте Назира дар синфи чор таҳсил мекард, ӯро ба мактаби санъати бачагонаи шаҳри Хуҷанд овард. Назира хоҳиши ба ансамбли «Зебо» шомил шудан дошт. Аммо ин тавр нашуд. Бо як санҷиш ӯро ба синфи фортепиано қабул карданд. Назира бо ин асбоби мусиқӣ ошно набуд, дар аввал бисёр мушкилиҳо пеш омад, баъзан гиря гулугираш мешуд. Аммо бо гузашти вақт навохтани онро хуб аз худ кард, маҳорату малака пайдо намуд. Ӯ дар деҳа ягона духтаре буд, ки роҳи санъатро пеш гирифтаву дар хона бо мадади волидонаш ин асбоби мусиқии ба назар ғайриодиро дошт. Боре дугонаҳояш ба хонааш омаданд ва аз ӯ чӣ будани онро пурсиданд. Назира дар ҷавоб мошинаи дарздӯзӣ гуфт. Аз он ки сарпӯши фортепиано пӯшида буд, онҳо бовар карданд, Назира бошад, аз ханда худро бо азобе нигоҳ медошт. Ин асбоби мусиқӣ он солҳо он қадар маъмул набуда, на ҳама кас созҳои онро дарку меписандид.

Ҳамин тавр, Назира ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар мактаби мусиқӣ фаъолу аълохон буд. Аз он ки фаҳмиши баланди мусиқӣ дошту пайваста мустақилона менавохт, баъди хатми синфи нуҳ хонишашро дар омӯзишгоҳи мусиқӣ идома дод. Соли 1994 дар Академияи мусиқӣ як сол таҳсил карду соли 1995 ба Консерваторияи шаҳри Тошканд ба номи Мухтор Ашрафӣ дохил шуд. Давоми чор сол дар ин боргоҳи ҳунар аз асрори олами санъату ҳунар бештару хубтар огоҳ гашт. Ҳам хонду ҳам дар ин ришта кор кард, дониши ниҳоят фарохи назариявию амалии дар мусиқӣ доштаашро такмил дода, маҳораташро комил гардонд.

Аз он ки дар гурӯҳи русӣ таҳсил доштам, баъзе адабиётҳо дар китобхона ангуштшумор буданд, бо навбат мехондем. Ба хондану омӯзиш шабу рӯз машғул мешудем. Агар навбати китоб ба ман расад, гоҳе мешуд, то саҳар хонда, ба каси дигар месупурдам. Ҳозир бинед дар китобхонаҳо бо ғамхориву меҳрубонӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои хуби таҳсил фароҳам омадаанд, китобҳо дар китобхонаҳо фаровон, танҳо шогирдонро ғайрату кӯшиш мебояд, то хонанду соҳибфарҳангу соҳибмаърифат ба камол расанд.

Назира бо дониши хубу эҳсоси комили мусиқӣ пас аз хатми Консерватория ба деҳа бо сари баланд баргашт. Фаъолиятро аз мактаби санъати бачагонаи шаҳри Хуҷанд оғоз кард. Аз он ки саманди хушбахтӣ ӯро интизор буд, бо Камол Ҳамдамов - ҷавони санъатдӯсту санъаткор, меросбари ҳофизи маъруф Ӯрунбек Ҳамдамов оила барпо намуд. Мисли дигар гулдухтарони деҳа аз бахту қисмати насибгашта хушҳоливу шодмонӣ дошт, умед мекард, ки шавҳараш низ санъаткор асту ӯро дар зиндагӣ хуб дарк мекунад, пару бол мебахшад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар зиндагии аҳлу тифоқ соҳиби се фарзанди дилбанд - Ширин, Сарвиноз ва Далер шуданд, ки ҳоло онҳо низ ба пайроҳаи санъат қадам гузошта, дар ҳунару истеъдод мисли зодмандонашон пайрави сулола ҳастанд. Назира аз рӯзгораш хушҳолу қаноатманд аст. Ба зиндагӣ нигоҳи гарму пурумед дорад. Ҳар лаҳза аз ҳунар, истеъдод, барору комёбии фарзандонаш шоду масрур аст, шукрона мекунад, ки зиндагии босаодату шоиста насибаш гаштааст.

Вақт аз ҳама чизи муҳиму пурарзиш аст. Шогирдон наздам боумед меоянд. Ба қавле ба забон овардани калимаи «вақт надорам» бароям хушоянд нест. Аз субҳ то бегоҳ дар боргоҳи ҳунар онҳоро сабақ медиҳам, истироҳат бароям бегона аст, муҳим шогирдон омӯзанду пеш раванд, - мегӯяд бо табассум Назира Ғайбуллоҷонзода, муҳаббаташро ба шогирдону пешаи интихобкардааш ифшо карда.

Фидоии ҳунару санъати асил, зани соҳиб­хираду матинирода Назира Ғайбуллоҷонзода дар олами мусиқӣ пайроҳаи эчодро низ пайваста пайгирӣ мекунад. Барои созҳои мусиқӣ бештар аз 70 оҳанг эҷод кардааст, ки писанди ҳаводорони суруду мусиқии ноб ҳастанд. Дар ин маврид зикр бояд кард, ки худи Назира ҳамчун санъаткор ва фарзандонаш, ки қадам дар ҷодаи санъату ҳунар мегузоранд, бо намоиши маҳорати баланд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман!» шаҳди ғалабаро чашидаанд. Ҳамчунин, Назира соҳиби унвони «Композитори соли 2014» ва нишони ифтихории Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муслима РАҲИМОВА,

рӯзноманигор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон