Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Офарандаи нақши зани тоҷик…
ФарҳангҲунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷинисо Саидова дар синамои тоҷик яке аз ҳунарваронест, ки зиёдтар нақши зани одии тоҷикро бозидааст. Самимиву заминӣ нақш меофарад. Дар симои қаҳрамонҳои ӯ ҳар кас метавонад модару бибии худро бубинад.
Бо Тоҷинисо Саидова, ки дар Муассисаи давлатии театри намунавӣ-минётурии «Оина» фаъолият дорад, пешопеши зодрӯзашон (11-уми октябр) ва арафаи Рӯзи кинои тоҷик (16-уми октябр) доир ба пайраҳаи ҷолиби эҷодиашон ва фазову ҳолати театру синамои тоҷик суҳбат кардем.
МЕҲР
Муаллима, ҳоло банди кадом корҳоед?
Дар намоишҳои «Оина» ҳунарнамоӣ мекунам ва ба ҷавонони санъатдӯсти театр нозукиҳои ҳунарро меомӯзонам…
Фазои театр чӣ гуна аст?
- Албатта, ба дили ман нест. Таваҷҷуҳи мардум кам шудааст. Мефаҳмам, ки талаботу завқи тамошобин дигар гаштаанд, аммо, фикр мекунам, аҳли ҳунар бояд роҳе ёфта, боз дар дилҳо ҷой гиранд.
Пас, чӣ қуввае Шуморо ин ҷо нигоҳ медорад?
Меҳр ба театр аст ин неру. Меҳри нимасра, меҳре, ки ҳеҷ гоҳ аз дилам дур намешавад. Ҳатто замони нооромиҳо, замоне ки барои берун баромадан ҳарос доштем, маро маҷбур мекард, ки дар саҳна бошам. Ҳеҷ мушкили зиндагӣ миёни ману саҳнаи театру синамо садд шуда наметавонад ва ҳамин меҳр маро ба театр меорад. Бе кори эҷодӣ зиндагӣ карда наметавонам.
НАҚШҲОИ ДӮСТДОШТА
Худро ба театр бахшидед, аммо мардум зиёдтар Шуморо тавассути синамо, махсусан, аз филмҳои «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ» ва ғайраҳо шинохтаанд…
Ин табиист. Хосияти синамо ҳамин аст, ки ҳунармандро зуд шинохта мекунад. На танҳо ман, балки бисёриҳоро, ки ҳунарпешаи сарсупурдаи театр ҳастанд, маҳз синамову телевизион ба мардум шиносонд. Муҳим он аст, ки тавонем бо нақшҳои офаридаамон роҳнамо ва боиси ибрати тамошобин гардем.
Охирин филме, ки дар он нақш офаридед?
Охири соли гузашта дар филми «Маскун» нақши модарро офаридам. Пешниҳоди кор дорам, аммо наворбардориро оғоз накардаем.
Ҳоло филму силсилафилмҳои зиёд барои шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия мегарданд ва дар онҳо бархе ҳунармандони касбӣ низ нақш меофаранд. Шумо чӣ?
- Ба ман ҳам чанд нақшро пешниҳод намуданд, аммо рад кардам. Барои ман мундариҷаи филмнома, раванди кор ва сифати филм хеле муҳим аст.
Шумо дар синамои тоҷик зиёдтар нақши зани одии деҳотиро мебозед, ки воқеан ҳам, бозёфти хуби коргардонҳост. Оё як зани тоҷикро бо рафтору гуфтори одиаш дар синамо нишон додан душвор нест?
Сараввал, ифтихор мекунам, ки тоҷикам ва дар муҳити тоҷикона ба воя расидаам. Ёдам ҳаст, ки замони наврасиву ҷавониам, ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ доштем ва боқимонда ҳама русӣ буданд. Зодмандон фақат барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо карда, моро талқин мекарданд, ки ба дигар шабака нагузарем. Аз модарам тоҷикият ва шарму ҳаёи тоҷикиро мерос гирифтаам, ки то охир бо ман аст. Дар навбати худ, ифтихор мекунам, то имрӯз чанд нақше бозидаам, ки воқеан ҳам симои зани тоҷикро нишон медиҳанд. Аммо боз медонам, ки нақши зани тоҷикро бозидан, агар аз як тараф ифтихор бошад, пас, бешубҳа аз ҷониби дигар масъулияти бузург дорад. Дар омади гап, ман нақшҳои манфӣ ҳам бозидаам. Масалан, дар намоиши «Хостгорӣ» нақши зани ҷанҷолӣ Наталя Степановнаро бозида будам, ки хеле машҳур буд.
Бигӯед, ки ба худатон кадом нақшатон наздиктар аст?
Агар як нақшро аз театр ва якто аз синамо бигӯям, бешубҳа, Наталя Степановна аз намоиши «Хостгорӣ» ва Қумрӣ аз филми «Марди мутааллиқи ду зан» мебошанд.
Ба андешаи Шумо, ҳоло синамои тоҷик чӣ ҳол дорад?
- Вазъи синамо ба дили ман нест. Албатта, ҳастанд эҷодкороне, ки кӯшишу ғайрати зиёд доранд ва ин хурсандиовар аст, аммо он ба дараҷаи даркорӣ нест.
Пас, роҳи ҳал кадом аст?
Ба андешаи ман, барои рушди синамо се чиз намерасад: маблағ, филмноманавис ва коргардон.
НОМАҲО
То ҷое огоҳем, волидон дар аввал барои ҳунарпеша шуданатон зид буданд, чӣ гуна дили онҳоро ёфтед?
Аз нахуст мехостам, ки ба дунёи ҳунар биравам. Аммо падару модарам пас аз хатми синфи 8-ум маро ба омӯзишгоҳи тиббӣ роҳнамоӣ карданд. Умед доштанд, ки дар соҳаи тиб мемонам, вале баръакс шуд, дар омӯзишгоҳ дастаи ҳаваскорон фаъол буд, ки ман узви он будам.
Ҳамин тавр шуд, ки коргардони барҷастаи синамои тоҷик Тоҳир Собиров барои филми «Хати парвоз» гурӯҳи ҳаваскорони моро интихоб кард ва мо дар филми мазкур рақсидем, пасон, бо роҳнамоии Тоҳир Собиров имтиҳонҳои дохилшавиро ба Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва (ВГИК) супурдам. Зодмандон зид баромаданд. Рӯзе дар ҳавлиамон бо садои баланд гиря карда, падару модарамро розӣ карданӣ будам. Дар ҳамон вақт падари Асланшоҳ Раҳматуллоев омада падарамро ором карданд ва баъдан он кас розӣ шуданд, ки ман барои таҳсил ва ҳунарманд шудан ба ВГИК равам. Ҳамин тавр, донишҷӯ шудам ва нозукиҳои ин касбро аз беҳтарин устодон, аз ҷумла Сергей Бондарчук омӯхтам.
Дуруст аст, ки маҳз замони донишҷӯӣ бо Мақсудшо Иматшоев қарор додед, ки бо ҳам оиладор шавед?
- Замони аҷиб буд. Ба ҳамдигар дар замони донишҷӯӣ дил бастем ва пас аз хатм ба Ватан баргаштем. Сипас, ман ба театр омадаму ӯ ба хизмати аскарӣ рафт. Баъдан, оиладор шудем. Ногуфта намонад, ки мо 12 кас барои таҳсил ба Москва рафтем ва аз миёнамон чор ҷуфт баромад…
БО ВИҶДОНИ ОРОМ МЕГӮЯМ…
Агар лаҳзае ба роҳи тайкардаи худ бингаред, чиро мебинед?
- Якум, пешорӯям нақшҳои офаридаам меоянд, кам ҳам бошанд, чанд нақше офаридаам, ки ба дили мардум наздиканд. Дуюм, пешорӯям фарзандони хубам меоянд, ки аз соли 1993 инҷониб танҳо худам ба воя расондаам ва тарбияи хуб додаам. Сеюм, пешорӯям ифтихоре падид меояд, ки бо бузургтарин ҳунармандон, аз ҷумла Ато Муҳаммадҷонов, Туҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева ва дигарон кор кардаам…
Шумо хизмат кардед ва хизматҳоятон бо унвонҳои Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон қадр шудаанд. Боз ба чӣ гуна арҷгузорӣ сазовор гардидаед?
Борҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия дар арафаи Рӯзи Модар бо туҳфаҳои гуногун сарфароз шудаам ва ин арҷгузорӣ ҳоло ҳам давом дорад. Хушбахтам, ки ҳунарпеша шудам ва имрӯз қадрам мекунанд.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ