Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нишоне аз таҷассуми фарҳанги миллӣ
ФарҳангДар тули таърихи чандҳазорсола миллати тоҷик, дар баробари дигар арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ дорои фарҳанг, забон, расму оину урфу одат ва арзишҳои миллӣ буду маҳз тавассути онҳо ҳамчун миллат шинохта шуд. Дар заминаи андешаҳои таърихӣ метавон гуфт, ки қавми тоҷик аз азал дорои тамаддун ва фарҳанги бою ғанӣ буда, тавассути онҳо пойдории хешро дар гузашти асрҳо тақвият бахшидаст. Ба шарофати фарҳанги миллӣ симои ҳар як миллат мавриди тасвир қарор ёфта, либоси миллӣ муаррифгари миллати тоҷик дониста мешавад, ки нахустин нишонаҳои онро ҳанӯз метавон аз бозёфтҳои таърихӣ, нақшу нигораҳои рӯи санг ва тасвирҳои рӯйи деворҳо пайдо намуд.
Таҳлили мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба бар кардани либоси миллӣ як рукни муҳими фарҳанги миллӣ ҳисоб шуда, ҳар бону ё худ зан-модари тоҷикро зарур аст, ки дар пос доштани оин, фарҳанг, суннатҳои миллӣ арҷгузор бошад. Чун мо либоси миллиро ба бар менамоем, пеш аз ҳама, моро эҳсоси фараҳмандӣ, ватандориву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ниҳоят эҳсоси нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ фаро мегирад. Имрӯз зан-модари тоҷик метавонад бо пӯшидани дӯхтҳои гуногуни либоси миллӣ, дар баробари мардон, масъулияти гаронеро низ бар дӯш дошта бошад, зеро либоси миллӣ ҳамчун рукни асосии фарҳанги миллат шинохта шуда, воситаи муҳими муаррифии миллат эътироф шудаст.
Боиси сарфарозист, ки тайи даврони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии либоси миллӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ҷумла, доир намудани озмунҳои «Сад ранги чакан»,«Тоҷикона мепӯшем», «Кадбонуи беҳтарин» ва ғайра нишоне аз ҳувияти миллӣ доштани занону духтарони тоҷик мебошад. Маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби ин Созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки аз як тараф мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик буда, аз ҷониби дигар, аз шуҳрати ҷаҳонӣ доштани фарҳанги миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон дарак медиҳад. Нақшу нигораҳои либоси миллии хоси тоҷикон, аз ҷумла дар чакан дарҷгардида дорои мазмун ва фалсафаи бой буда, аз таърихи пурғановати қавми тоҷик метавон огаҳ шуд ва илова бар ин, тамоми нигораҳои онро дар либоси бонувони минтақаҳои гуногуни кишвар дарёфт намуд. Ё худ ба сар гирифтани рӯймол, пӯшидани либоси атласу адрас, ки воқеан ҳам хоси духтарони тоҷик буда, ҳусну малоҳати занро дучанд мегардонад, аз иффату исмати занони Шарқ ва дарки арзишҳои воқеии милливу башарии мо, тоҷикон, дарак медиҳад.
Ногуфта намонад, ки пешбарандаи фарҳанги миллии ҳар қавм, пеш аз ҳама, занону духтарон дониста мешаванд. Аз ин рӯ, бо истифода аз донишу маҳорат ва хиради азалӣ моро зарур аст, ки пайваста дар ин самт талош варзем. Илова бар ин, дар тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, густариши завқи баланди зебоипарастӣ ва фарҳангсолорӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги пурғановати миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла занону ҷавондухтарон ва дар ҳар маврид нигоҳ доштан ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани ҷавондухтарон саъю талош варзем, зеро дар ҷомеаи имрӯза зан -- модари тоҷик мақому манзалати муайянро ҷойгузин буда, метавонад дар баробари мардон муаррифгари фарҳанги миллии хеш дониста шуда, дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсиргузор бошад.
Боиси сарфарозист, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрӣ ва мулоқот бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар баробари дигар масъалаҳо, бо як эҳтиром ва самимияти хоса аз зан - модари тоҷик ёд меоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи имрӯза ба неруву тавоноии бонуи тоҷик ниёз дорад. Баъзан мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа ҷавондухтарон рӯ ба либос ва ё фарҳанги бегона меоранд, ки ин амали онҳо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ қобили таваҷҷуҳ ва ё қабул нахоҳад буд. Яъне, ба бар кардани либоси бегона, аниқтараш сатр ва сияҳпӯш будан, на нишони хурсандист ва баръакс дар аксар мавридҳо аз маросими сӯгворӣ ва ё доштани ғаму ғусса дарак медиҳад.
Дигар ин ки, чаро мо либоси бегонаро тараннуму васф намоем, дар ҳоле, ки мо соҳиби таъриху фарҳанги зиёда аз 6-ҳазорсолаи либоспӯшӣ дорем. Дар ин радиф, бештару бештар васфу тараннум намудани фарҳанги миллӣ, хоса, либоси миллӣ метавонад сатҳи бегонапарастиро кам ва ё ба нестӣ барад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: «Моро зарур аст, ки ба таассуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, либосҳои миллии занону духтаронро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар маҷмуъ, либоси миллӣ нишон аз асолат ва ҳувияти миллӣ буда, арҷ гузоштан ба он ин эҳтироми хоса нисбат ба таърихи миллат аст.
Рушонгул ШОФАҚИРЗОДА,
муовини ректор оид ба тарбияи
Донишгоҳи давлатии Хоруғ