БОЙГОНӢ
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳунаре, ки сабру тамкин меомӯзад
ФарҳангСӯзанидӯзӣ дар байни бонувони музофот, ки рӯзона бештар саргарми корҳои хоҷагидориву деҳқонӣ буданд, асосан шабона, дар даври сандалиҳои аловӣ сурат мегирифт. На барқ буду на техникаҳои муосир. Бо рӯшании шамъу чароғ дар дили шабҳо ҳунар эҷод мешуд. Ҳунаре, ки ба ҳунарёр сабру тамкин меомӯхт ва василаи маъмултарини сармояи рӯзгор ба ҳисоб мерафт…
Ҳанӯз кӯдаки навроҳу навсухан будам, ки дар шабнишиниҳои сӯзанидӯзии занони маҳалла, ки бо роҳбарии модари пурҳунарам дар хонаи мо ташкил мешуд, ширкат мекардам. Модарам - бонуи гулдасту ҳунарманди мумтоз дар баробари тарбияи фарзандону корҳои хоҷагидорӣ шабҳои дароз ба сӯзанидӯзӣ, ки аз қадимтарину маъмултарин ва душвортарин ҳунари занон дар водии Зарафшон ба ҳисоб мерафт, машғул мешуданд, - мегӯяд ҳунарманди гулдаст Бибинисо Раҳмонова.
Сарнавишт ӯро ба сӯзану ришта пайванд кардааст. Шояд, аз он сабаб бошад, ки гаҳвораи ӯро шабҳои дарози зимистони соли 1962 шогирдону ҳампешагони модараш ҷунбондаанд. Меҳри ин касб дар дилаш мақоми хос дошт ва, аз ин рӯ, ба ҳар нақшу гул, ба ҳар як риштаву нах зеҳн мемонд ва фикри ӯро на зебо дӯхтани бонувон, балки сарчашмаву маънии нақшу рангҳо ба худ ҷалб мекард.
Солҳои мактабхонии мо ҷувздонҳое, ки имрӯз дар истифодаанд, набуданд. Модарон аз матоъ дастанҷом медӯхтанд. Ҳамасола ҷувздону қаламдонҳои худу дугонаҳоямро гулдӯзӣ мекардам ва хушхаёлиро бинед, ки бо фахри ин ҳунар дар мактаб аъло мехондам, ки дастанҷоми ман аз ҳама зеботарин аст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941 - 1945 модарам дар ақибгоҳ бо занони ҳунарёр аз тамоми халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ барои ҷанговарони шуҷои Ватан рахти хобу либос медӯхтанд. Аз занони арманиву қазоқу тотору ӯзбек ҳунарҳои гуногуну тарзу намудҳои мухталифи гулдӯзӣ ва ороиши матоъро аз бар намудаанд. Шояд, аз ҳамин сабаб, сӯзаниҳои модарам, ки харидорони зиёд доштанд, сафи шогирдонашонро меафзуд, - ба ёд меорад Бибинисо.
Солҳои пеш сӯзаниву зардеворӣ, чодару тахтпӯш, болинпӯшу рӯйҷо ва дигар ороишоти хонаи арӯсӣ ҳатман дастдӯз буд. Духтаракон орзуҳои ширини худро бо риштаҳои рангини гарму рӯшан дар ҷиҳози арӯсии худ нақш менамуданд ва бовар доштанд, ки гулдӯзии касе зеботар барояд, дар зиндагӣ хушбахттар мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яке мекӯшид, ки ҷиҳози ӯ зеботар аз дигарон бошад. Чӣ боварҳои самимонаву содаву умедбахше. Сӯзанидӯзӣ дар вуҷуди шахси ҳунарҷӯ, пеш аз ҳама, сабру таҳаммул ва зебоиписандиро, ки асоси хушбахтист, тарбият мекунад. Ин ҳунаре нест, ки дар ду-се рӯз натиҷа ба бор орад. Шабҳову рӯзони зиёд захми сӯзану гиреҳҳои калоба ҳунарварро азият медиҳанд, то маҳсули эҷодаш чашмрасу назаррабо гардад.
Баъди хонадор шудан ҳам, ҳарчанд бо тақозои замону зиндагӣ дар соҳаҳои гуногун фаъолият доштам, ҳамеша ҳунари аз модар мерос гирифтаро пеш мебурдам. Рӯзгоре барои худ гулдӯзӣ мекардаму инак, барои фарзандону арӯсон медӯзам. Даҳ сол дар заводи шарбат кор кардаму муддате ёвари мураббии боғчаи бачагона, солҳо хонашин будаму муҳоҷир. Аммо ҳамеша, дар дарозои 20 соле, ки ҳунари сӯзанидӯзиам фақат пеши худам ва барои худам буд, дар дил кушодани мактаби сӯзанидӯзӣ ҷӯш мезад. Бо ҳунармандони машҳури диёр, ки солҳои пеш бешумор буданду акнун ангуштшуморанд, радду бадали афкори судманд менамудем, то ин мероси гаронарзиши ниёгонро ба насли ҷавон бештар омӯзем,- зикр мекунад ҳунарвар.
Бибинисо дар семинари машваратӣ бахшида ба таърих ва густариши сӯзанидӯзӣ, ки соли 2015 дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси сӯзанидӯзи номии Панҷакент Матлуба Аминова, ки муаррифгари ин ҳунари воло дар кишвар ва берун аз он аст, ин орзуи ниҳоии худро иброз намуд ва нақшҳои нави гулдӯзиро дар ҷувздону болишт ҳамчун армуғон дар ҳамкорӣ бо рассом Суҳроб Носиров пешниҳод сохт. Маҳсули дастонаш аз тарафи ҳунармандони диёр баҳои баланд гирифт ва дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ манзури алоқамандони ҳунари дастӣ гардид. Баъди он семинар аз соли 2018 то соли 2022 дар Парки технологии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба донишҷӯдухтарон нозукиҳои ин ҳунарро омӯзонд.
Фаъолият дар донишгоҳ зеботарин ҷилваи орзуҳои ҷавониам буд. Ба донишҷӯдухтарони ҳавасманд ҳунар ёд дода, касби хешро сайқал медодам. Аллакай дар тули ду-се моҳи таълим аз маҳсули ҳунари донишҷӯён синфхонаи махсусеро ташкил додем, ки он пурра бо ҳунарҳои миллӣ оро дода шуда, таваҷҷуҳи меҳмонони дохилу хориҷро ба худ ҷалб менамуд. Аз тарафи Донишгоҳ дар тамоми чорабиниву ҷашнҳои миллии сатҳи шаҳру вилояту ҷумҳурӣ ширкат намуда, ҳунари шогирдони худро муаррифӣ мекардем, - иброз медорад омӯзгори гулдаст.
Бо орзуи таъсис додани маркази ҳунармандии сӯзанидӯзӣ лоиҳаи омодакардаи Бибинисо соли 2019 соҳиби Гранти раиси вилояти Суғд ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гардид. Бо дастгирии МИМҲД-и шаҳри Панҷакент собиқ масҷиди маҳаллӣ, ки солиёни дароз истифода намешуд, барои маркази ҳунаромӯзӣ ҷудо карда шуд. Ҳунарманд бо ёрии сокинони маҳаллӣ як гӯшаи харобу фаромӯшшударо ба маркази ҳунармандиву сайёҳӣ табдил дод, ки дари бастаи бинои куҳан бо диди нав ба рӯйи сокинону меҳмонон ва дӯстдорони ҳунару зебоӣ боз гардид.
Бибинисо бо ҳунари худ дар шаҳри Панҷакент ва берун аз он низ соҳиби ному мақоми шоиста аст. Дастранҷаш дар хатсайрҳои сайёҳӣ, дар чорабиниву фестивалҳои байналмилалӣ, дар намоишгоҳу осорхонаҳо, дар филму барномаҳои телевизионӣ муаррифӣ шудаанду ҳаводоронаш аз хушҳунариву зебоиофарии ӯ қаноатманду сарфарозанд. Ахиран баҳри ба таври арзанда ба роҳ мондани коргоҳи худ бо Гранти президентӣ низ сарфароз гардид ва баҳри сазовор будан ба бовари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили гарм ба духтаракон ҳунари худро ройгон меомӯзонад ва дар эҳёи ин мероси маънавию фарҳангии халқи тоҷик саҳми босазо мегузорад.
Камбуди ҷиддӣ дар рушди сӯзанидӯзӣ гаронии арзиши маҳсулоти хом аст. Харҷи маҳсулот бештар аз арзиши ҳунар аст. Аз ин рӯ, ҷавонон ба омӯхтани он камтар таваҷҷуҳ доранд. Бо пайдо кардани имконияти нави вориди маҳсулоти хом ва тариқи шартнома бо марказҳои фурӯш метавон таваҷҷуҳ ба ин ҳунарро дубора рӯзафзун намуд. Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки «Маркази ҳунармандии Бибинисо»-ро таъсис диҳем ва ҷавонону бонувони хонашинро ба ҳунар фаро хонем. Ҳамчунин, ният дорем китоби махсуси ҳунармандони водиро таҳия намоем, то ҷаҳониён бонувони ҳунарвари Панҷакент, ки яке аз марказҳои рушди ҳунарҳои дастӣ ба ҳисоб меравад, огоҳ бошанд, - илова намуд ӯ.
Мавсуф бо забони ширину гуфтори пурҳикмат, нигоҳи зебо ба зиндагиву сабру таҳаммул ва талошу мушкилнописандӣ, ки ҳама ин сифатҳои неки инсониро аз бузургсолон дар шабнишиниҳои сӯзанидӯзӣ аз худ кардааст, кадбонуи зиндагии гувороест. Модари мушфиқ асту хушдомани меҳрубон ва бибии ғамхор, ки бо меҳр ба ҳар пайванди ҷони худ ҳунару қуввату тавонашро сарф месозад, то сарафрози зиндагии шоиста бошанд. Саҳми Бибинисо Раҳмонова дар рушди ҳунарварӣ дар шаҳри Панҷакент арзанда арзёбӣ мегардад.
БОБУНА,
Душанбе-Панҷакент-Душанбе