БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Атлас нафурӯшед, чаканро нафурӯшед

Фарҳанг

Афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани ҳунарҳои мардумӣ, минҷумла атласу адрас ва нигораҳои чакан, ҳамчун сарвати бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигории бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Чакан аз қадимтарин либос аст, ки бонувони тоҷик бо ифтихору қаноатмандӣ медӯзанду мепӯшанд. Исботи ин фикрро дар фарҳангномаҳои куҳан, чун «Бурҳони қотеъ» (соли 1652), «Ғиёс-ул-луғот» (1827), «Фарҳанги Рашидӣ» (1653), «Кашф» (1780) дарёфтан мумкин аст. Мафҳуми «чакан» дар фарҳангномаҳои мазкур ба шакли «чакин», «чикин», дар паҳлавӣ «чома», «чанома», «чакомак», дар форсӣ «чамона», дар гурӯҳи забонҳои славянӣ-русӣ, украинӣ, чехӣ, белорусӣ, булғорӣ, «чеканка» омадааст, ки маънии нақшу нигораҳоро дорад. Аз ин рӯ, моро зарурати тақлид ба фарҳанги бегона нест. Мо, тоҷикон, меросбари фарҳангу тамаддуни беш аз 6000-солаем. Аз либоси миллӣ ифтихор мебояд кард.


 Дар Тоҷикистон нигораҳои чаканро бонувони хатлонӣ, истаравшаниву дарвозӣ, ванҷиву шуғнониву рӯшониву раштӣ бо маҳорати беш ва оҳанги дилнавоз қаламзаниву сӯзанзанӣ мекунанд, ки ҳамаи ин ба некиву покӣ далолат мекунад. Бонувони диёр на танҳо курта, сарандоз, бардевориву чодар, сӯзаниву ҷилди болину шерозаҳо, оинахалта, чойхалта, рӯймолча, ҳамчунин, барои мардон рӯймоли миён, тоқии чаканро бо рангҳои сурху зарду бунафш ба маънии фарри эзидӣ – ишора ба пиндори нек кашидадӯзӣ менамоянд ва ин ҳунари волоро сайқал дода, мутобиқ ба замон мазмуну моҳияташро нав карда меоянд.

Имрӯзҳо байни занону духтарони тоҷик ба бар кардани либосҳои дарозу печондани сару рӯй, алалхусус сияҳпӯшон ё баъзеашон на замонавиву на аз лиҳози дин мутобиқ зиёд ба назар мерасад, ки он боиси нороҳатӣ мегардад. Чунин тарзи либоспӯшӣ барои занону духтарони тоҷик хос нест. Ба ҷойи тақлид кардан ба сарулибосҳои бегона хуб нест, ки аз пешравиҳо ё худ кашфиётҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ кунем.

Арзишҳо ва фарҳангҳо бо мурури замон аз насл ба насл ҳифз шуда омадаанд ва гузаштагони миллати мо кӯшидаанд, то фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ боқӣ монанд. Тоҷикон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ, миллати соҳибтамаддун, соҳибдавлат, озоду мустақил арзишҳо ва фарҳанги миллии худро доранд. Имрӯз рӯзгоре ба сар дорем, ки ба истилоҳ ба ҳам омехташавӣ ё наз¬дикшавии фарҳангҳои гуногуни олам таҳти номи ҷаҳонишавӣ дар давлати мо низ суръат пайдо кардааст. Дар бозорҳову мағозаҳо анвои гуногуни либоси ба унвон «мӯд», ки хоси хориҷиён аст, фаровон буда, мутаассифона, бонувони тоҷик сарфи назар аз гаронии арзишҳояш харидорӣ ва ба бар менамоянд.

Албатта, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ба ҳам омадани тамаддунҳо аз ин чиз орӣ буда наметавонем, вале ҳадду ҳудудро бояд донист. Набояд кӯр-кӯрона ба заиф гардидани пояҳои фарҳангӣ роҳ диҳем. Баръакс, аз ҳарвақта дида, бештар ба тарғиби фарҳанги хеш ҷаҳд намоем. Аз паси «мӯд» рафтаву либоси кӯтоҳу нимурён ё дарози «заминрӯб» ва ҳам чашмбандҳои сиёҳ ба бар накунем.

Дар баробари ҳамқадами замон будан, мо бояд либоси миллии хешро, ки ҷузъе аз фарҳанги миллат мебошад, бо тарҳу намуди нав ба бар намуда, ба мардуми ғайр нишон диҳем, ки фарҳанги миллӣ, муқаддасоти миллии мо бо мурури замон аз насл ба насл гузаштаву ҳифз шуда меояд ва он побарҷо хоҳад монд.

Чуноне шоири ширинкалом Муҳаммад Ғоиб нигоштааст:

Нилуфару садбаргу суманро нафурӯшед,

Як барги хазонранги чаманро нафурӯшед.

Зар меравад аз даст, ба он меҳр набандед,

Як зарраи ин хоки куҳанро нафурӯшед.

Бандед саги нафс, ки он сер нагардад,

Дар дашт, ки монед, даманро нафурӯшед.

Доранд зи гулҳои Ватан ранг, ба душман

Атлас нафурӯшед, чаканро нафурӯшед.

Саодат ҲАЙДАРЗОДА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон