БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бобоҷон Ғафуров – номбардори миллати тоҷик
ФарҳангТаъсиси осорхонаҳо, ки рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо низ ба ҳукми анъана даромадааст».
Миллатро фарзандони фарзонаи он муаррифӣ менамоянд. Дар байни халқ фарзонафарзандоне кор ва зиндагӣ мекунанд, ки бо қувваи бозу ва неруи ақлонии худ боиси ободӣ ва пешрафтҳои ҷомеа мегарданд. Масалан, фарзанди коргари одии роҳи оҳан Бобоҷон Ғафуров дар фароҳам овардани улуми таърих ба ҷое расид, ки ангуштнамои бузургтарин олимони ҷаҳон гардад. Ӯ худро на танҳо чун роҳбари қодири ҳизбӣ, илҳомбахши корномаҳо, муттакои адабиёт ва санъати воло нишон дод, балки ҳамчун ҳидоятгари шарқшиносони шуравию ҷаҳонӣ ба кашфиётҳои оламшумули соҳа муаррифӣ кард.
Хизматҳои шоиста боис гаштанд, ки Бобоҷон Ғафуров унвонҳои академик, Қаҳрамони Тоҷикистон ва дигар номҳои эҳтиромиро сазовор шавад. Аз ин рӯ, омӯхтани ҳаёти ӯ барои худшиносӣ ва худогоҳии миллии наслҳои оянда аҳамияти бузург дорад. Хушбахтона, дар шинохти корномаҳои илмӣ – эҷодии ӯ китобҳои зиёде рӯи кор омадаанд.
Фаъолияти эҷодии Бобоҷон Ғафуров аз навиштани мақолаҳо оғоз гардид ва ҳамчун рӯзноманигори варзида шинохта шуд. Солҳои дар мақоми роҳбари якуми ҷумҳурӣ будан, оид ба пешрафтҳои Тоҷикистон, маданият ва санъати волои халқи тоҷик дар газетаҳои марказӣ ва ҷумҳуриявӣ мақолаҳо ба чоп мерасонд. Пайваста таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро идома медод.
Пас аз он ки ба вазифаи директории Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ таъин гардид, фаъолияти таҳқиқотии олим вусъат пайдо кард ва пасиҳам дар конгрессу симпозиумҳо, конфронсҳо баромад дошт ва матни маърузаҳояш ба табъ мерасиданд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар солҳои фаъолияти эҷодии худ қариб 400 асар чоп намудааст.
Боиси хурсандӣ ва сарафрозист, ки вақтҳои охир дар шинохти хизматҳои мондагори академик Бобоҷон Ғафуров ва аҳамияти шоҳасари ӯ «Тоҷикон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон саъю кӯшиш менамоянд.
Номи Бобоҷон Ғафуров дар тамоми мамлакатҳои дунё, алалхусус Шарқ азизу муътабар буд. Асарҳои ӯ дар Деҳлӣ, Берлин, Теҳрон, Рим, Париж, Кобул ва дигар марказҳои маданӣ чоп гардидаанд. Ӯ ҳамеша дар андешаи муттаҳидӣ ва ягонагии халқҳои Осиё буд. Суханҳои Робиндронат Такур «Осиё ягона аст», пешвои кабири Чин Сун Ят Сен, шоири ҷопонӣ Какудзе Упакура, шоири тоҷикзабони Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол «Осиё як пайкари обу гил аст»-ро тақвият дода, гуфтааст: «Тамоми халқҳои Осиёро риштаҳои бо ҳам наздики дӯстӣ, анъанаҳои қадима наздик мекунад». Аз боби хислатҳои неки Бобоҷон Ғафуров ва олими ҷаҳонгир буданаш, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқ сафири Ҳиндустон дар СССР И.К. Гучарал, шоири тавонои Покистон Файз Аҳмади Файз суханҳои самимӣ гуфтаанд ва Файз Аҳмади Файз бо чунин сатрҳо фикрашро ҷамъбаст намудааст: «Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода – ин се фарзанди бузурги тоҷик дар асл се фарзанди бузургтарини Машриқзаминанд».
Соли 2023, ки ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда буд, ҳам дар саҳифаҳои матбуот ва ҳам дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ корҳои тарғиботию ташвиқотии зиёде роҳандозӣ шуданд. Ҳамаи бошандагони кишварамон рӯй ба китоби «Тоҷикон» оварданд, ки муаллифи он беш аз 30 соли ҳаёти худро баҳри дар саҳифаҳои таърих пойдор нигоҳ доштани илму дониш, ҳунар ва фарҳанги ҷаҳонгири ин халқи қадима бахшидааст.
Ба муносибати 115-солагии алломаи бузурги шарқ Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров аз нав таъмиру тармим гардид. Дар саҳни Осорхона муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров қомат рост кард, ки шукӯҳу шаҳомати ин муассисаи фарҳангӣ боз ҳам бештар шуд.
14-уми ноябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дарвозаи Осорхона ворид шуданд ва дар вазъияти тантанавӣ парда аз рӯи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров бардоштанд.
Дар ин рӯзи таърихӣ директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих, профессор Аликберов Аликбер Калабекович ва муовини директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, номзади илмҳои таърих Романова Наталя Генаддиевна низ иштирок доштанд.
Сарвари муаззами мамлакат аз тамоми гӯшаҳои Осорхона дидан карданд ва ҳангоме ки ба гӯшаи хонаводаи аллома омаданд, он ҷо шеъри «Насиҳат ба фарзанд»-и модари арҷманди академик Бобоҷон Ғафуров шоири хушбаён Розия Озод сабт гардида буд, ба ҳамроҳон рӯй оварданд ва матни шеърро бо эҳсоси баланд қироат карданд. Таъкид ба амал оварданд, ки модарон метавонанд то кадом андоза барои таълим ва тарбияи фарзандон саҳм гузоранд. Бобоҷон Ғафуров ба тамоми гуфтаҳои модар сазовор гаштаааст, ки он шеър ҳам дуо буду ҳам раҳнамои ояндаи фарзанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Осорхона муроҷиат намуданд: «Шумо бояд ифтихор кунед, ки дар ин даргоҳи муқаддас кор мекунед. Барои ба халқ ва хусусан ҷавонону мактаббачагону наврасон муаррифӣ кардани хизматҳои мондагори Бобоҷон Ғафуров ҷидду ҷаҳд намоед. Коре кунед, ки одамони ба ин муассисаи фарҳангӣ омада бо маълумотҳои саҳеҳ баргарданд. Ҳар як суҳбати шумо метавонад ҷавононро ба руҳияи бузурги ватандӯстӣ ҳидоят намояд. Барои ин аз Шумо дониши баланд талаб карда мешавад, забони гуногунро бояд донед ва омадагонро пурра қонеъ гардонед».
Кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ як қатор корҳои назаррасро дар самти фаъолияти илмӣ-амалӣ ва ташкилӣ ба анҷом расонданд. Аз ҷумла, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро вусъат бахшиданд, дар байни мардум оид ба хизматҳои мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурданд, тавассути саҳифаҳои матбуот барои муаррифии ғояҳои кишваршиносӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва дигар хислатҳои манфиатовари соҳибҷашн мавод ба табъ расонданд, аз намоишҳои телевизион ва радиои вилояту ноҳия истифода бурда, дар андешаи одамон ҳисси эҳтиром ба бузургонро бедорӣ бахшиданд.
Роҳандозӣ шудани нашри маҷаллаи «Паёми Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров» яке аз комёбиҳои калони ин муассисаи фарҳангӣ буд, ки фаъолияти илмӣ ва публитсистии ғафуровшиносон ва ходимони илмии ин муассисаро муаррифӣ менамояд.
Дар ҷаласаҳои Шурои илмӣ-методии Осорхона масъалаҳои мубрами давр, ки ба ҳалли муаммоҳои осорхонашиносию ғафуровшиносӣ равона карда шудаанд, баррасӣ шуда, барои такмили корҳои илмӣ ва амалии соҳа эътибори ҷиддӣ равона карда шудааст.
Барои таҳкими бедории фаъолияти кормандони ин муассисаи фарҳангӣ ду сарчашмаи муҳим мисли ду шохоби дарёи пуроб мадад мерасонад: яке ба меҳмонон муаррифӣ кардани тамоми маводи мавҷуда, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии академик Бобоҷон Ғафуров тааллуқ доранд, дигаре бардошт аз мусоҳиба бо меҳмонон, ки онҳо на танҳо муҳассилини макотиби миёна, миёнаи махсус ва олӣ мебошанд, балки аз қабили олимон, зиёиён, аҳли адаб, ҳамсолон ва ҳаммаслакону шогирдони аллома Бобоҷон Ғафуров иборатанд, ки маълумотҳои тоза ба тозаро метавонанд ба мо расонанд.
Ҳамчунин, ташрифи меҳмонон бомаром зиёд гардида, дар байни онҳо шахсони намоёни давлатию ҷамъиятӣ низ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудии фаъолияти кормандони муассиса мадади калон мерасонад.
Боиси қаноатмандист, ки дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ровиёни хушбаён ва бомаҳорат - Меҳрангез Орипова ва Парвина Арипова фаъолият мебаранд. Баробари онҳо Саидқул Маҳкамов, Малика Мирзоева, Мунира Қурбонова низ дар роҳбаладиҳо кумак мерасонанд. Натиҷаи чунин фаъолияти пурсамар буд, ки давоми моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ зиёда аз 4000 нафар меҳмон ба Осорхона ташриф оварда, бо ҳаёт ва фаъолияти эҷодии аллома Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд.
Чароғи ҷасорати ватандӯстонаи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳамон тавоноӣ ва неруи ҷовидонӣ бештару бештар нуру зиё мебахшад…
М. Д. ҲОШИМЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии
академик Бобоҷон Ғафуров