Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
САДА
Фарҳанг / СлайдерСада яке аз ҷашнҳои қадимии мардумони ориётабор ба шумор меравад. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд.
Ҷашни Сада то охири асри XII таҷлил мешуд. Аммо бо мурури замон таҷлили он миёни мардум коста гардид. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада мавқеи ба худ хосро пайдо кард ва бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо шукӯҳу ҷалоли махсус тантана мешавад.
Ҷашни Сада номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон буда, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.