Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Дуои модар» –озмуне баланду бошукӯҳ
ФарҳангНашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» Озмуни байналмилалии «Дуои модар»-ро, ки дар пайравӣ ба арҷгузориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан-Модар, посдории эҳтироми бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа эълон шуда буд, ҷамъбаст намуд.
Озмуни мазкур соли дуюм аст, баргузор мегардад, сарпарастии онро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бар зимма гирифтааст. Ҷамъбасти Озмун соли 2023 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир шуда буд. Моҳе қабл бошад, даври дуюми он дар шаҳри Душанбе бо иштироки меҳмонони зиёде аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва хориҷ аз он: Чин, Ӯзбекистон ва Афғонистон ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалӣ бонувони баландмақоми кишвар Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонони олишон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор!
Воқеан, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо роҳбарии сардабири соҳибназару дурандеши худ Қурбоналӣ Раҳмонзода, ки эҳтироми хосу омро ҷойгоҳи хосе қоил аст, кӯшиданд шахсиятҳои дар самтҳои гуногуни ҷомеа фаъолу ходимони хизматнишондодаи кишварро ба ҳам оранд ва як маҳфили пур аз фараҳ, пур аз ирфону маърифат, сухани болову назми мондагор ташкил намоянд.
Ходимони давлатӣ, сиёсиву ҷамъиятӣ Дилшод Раҳмон, Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, Руқия Қурбонова, Марҳабо Ҷабборӣ, Ҳусноро Мирзоева, Муҳиба Ёқубова, Меҳринисо Бобобекова, академик Кароматулло Олимов, адибони маъруф Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло ва дигарон ба ҳукми гули сари сабади чорабинӣ ҷойгоҳи хосе доштанд дар ин рӯз.
Истиқболи аҳли қалам, иштироки фаъол доштани мардум аз тамоми минтақаҳои кишвар, мутахассисони касбу кори гуногун, таваҷҷуҳи қаламкашони хориҷӣ аз давлатҳои Чин, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон аз манзалати баланди Озмуни мазкур пеши мухлисон дарак медод.
Сарчашмаи ин ибтикор таваҷҷуҳ ва ғамхории рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи бонувон дар умури давлатдорӣ ва маънавияти насли нав аст. Бешубҳа, мо сиёсати босамари Сарвари давлатро дар робита ба занон сармашқи кори хеш кардаем.
Мавзуъ ва номи интихобшудаи Озмун танҳо бо васфи модар маҳдуд нашуда, дар асл зери мафҳуми модар ва дуои сабзаш даҳҳо арзишҳои милливу мардумӣ, ба мисли меҳандӯстӣ, маърифати шаҳрвандӣ, ахлоқи воло, тарбияи неки насли нав, ҳунару ҳунармандӣ, садоқат ба миллат ва меҳру муҳаббати беолоиш нуҳуфтаанд, -
зикр намуд сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода.
Аз 13 озмуни ҷумҳуриявӣ, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» солҳои охир ташкил ва роҳандозӣ намуд, ин Озмуне аст, ки дар ду бахш ҷараён гирифт, яке беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ, дигаре гулчини ашъор дар васфи Модар – Ватан. Ҳар нафар метавонист иштирокдори Озмуни «Дуои модар» бошад. Аз ин хотир, дар ҷараёни он дар баробари шоиру нависанда, журналистони касбӣ, эҷодкорони ҳаваскор низ тавонистанд навиштаҳояшонро ба Озмун пешниҳод намоянд.
Дар доираи Озмун 250 матлаби журналистӣ, публитсистӣ ва адабӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп ва муаллифони беҳтарин чакомаҳо дар сатҳи болову шоиста қадрдонӣ гардиданд.
Бо хулоса ва таҳлилу баррасиҳои доварон дар ду номина: «Назм» ва «Публитсистика» Муҳаммадзоиршо Шарифзода, Меҳрангез Қодирова, Барноз Раҳмоншоева, рӯзноманигорон аз шаҳри Душанбе, Ван Хуэйҷуан, устоди Донишгоҳи Конфутсий дар Тоҷикистон, Ҷамолиддин Бобоев, омӯзгор аз ноҳияи Деваштич, Фарзона Файзалиева, сардори шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Садои мардум», Расулбеки Аҳмадзод, омӯзгор аз Ӯзбекистон, Зулхумор Халилова, табиб аз шаҳри Кӯлоб, Ҳоҷиакбар Солеҳзода, курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Маҳбуба Мамадатохонова, омӯзгор аз ноҳияи Ишкошим, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ҷойи сеюм насиби Азизаи Давлатшоҳ, полковники милитсия, Руъё Усмонӣ, эҷодкор аз шаҳри Бохтар, Иброҳимҷон Дӯстализода, шоир ва тарҷумон, Искандар Маҳмадалиев, рӯзноманигори рӯзномаи «Халқ овози», Шарифаи Бунёд, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Шоҳдара»-и ноҳияи Роштқалъа, Яъқуби Ясно, адабиётшинос аз Афғонистон, гашт.
Ҷойи дуюмро ба Фаридуни Фарҳодзод, хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик», шаҳри Тошканд, Адибаи Хуҷандӣ, шоир, Шариф Халил, адиб аз Ӯзбекистон, Бузургмеҳри Баҳодур, шоир, лоиқ донистанд.
Ҷойи якумро Худодод Зайниддин, шоир ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оинаи Рашт» соҳиб шуд.
Шоҳҷоизаи «Дуои модар» ба шоири маҳбуб Толиб Карими Озарахш эҳдо гашт.
Толиб Карими ОЗАРАХШ,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Шоҳҷоизаи «Дуои модар»
«Медонистам, ки шояд яке аз ҷойҳоро дар Озмуни «Дуои модар» ба ман лоиқ донанд, аммо Шоҳҷоизаро интизор набудам. Ин мақом бароям хеле баланд буд. Бохабарам, ки дар озмунҳои «Ҷумҳурият» устодони бузурги илму адаби мо соҳиби ҷоизаҳо шудаанд, ман ҳам дар қатори онҳо қарор гирифтам ва аз ин қадрдонӣ хушнуду хушҳол шудам.
Чаҳор ғазали банда аз «Модарнома» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шуд. «Модарнома» дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мақоми баланд дорад. «Модарнома»-ҳои Эраҷ Мирзо, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Фарзона ва дигарон дар васфи модар, дар адабиёти муосири тоҷик беназиранд. Аммо ҳар нафар модари худро дорад ва худ бояд дар хусуси модари худаш шеър гӯяд. «Модарнома»-ро ман бо ашк навиштаам. Зиндагии модар ҷоест, ки андеша намоем, биомӯзем, дӯст дорем ва ҷое гиря кунем ва пеши даргоҳи Худованд шукр ҳам ба ҷо орем, ки моро модари зебову ягонаву пурбардори тоҷикро лоиқ донистааст. «Модарнома»-ро алоҳида чоп накардаам, вале «Шакарбоғи падар» ном китоби алоҳидае нашр кардаам. Симои падар дар осори ман дигар аст, аммо мақоми модар ҳамеша болост, зеро беҳтарин сифатҳои олам ҷамъ мешаванду модар мешаванд ва беҳтарин сифатҳояшро Худованд ба мисли меҳрубониву бахшандагӣ ба модар додааст.
Қадри неъмат баъди неъмат ғайри оҳу нола нест,
Марги модар мекунад фарзандро модаршинос.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» боргоҳест, ки ҳамаи устодони мо аз он қаламкашон гузаштаанд. Озмуни «Дуои модар» ҳам дар қатори дигар озмунҳояшон дар сатҳи бисёр олӣ баргузор гардид. Қабулу гесел ва мизбондориашон боиси таҳсин аст. Аҳли қалами ин нашрияро дӯст доштам. Барои якҷою сарҷамъ буданашон, барои дасту дили гарм доштанашон ба кор бо роҳбарии сармуҳаррири хоксору боадаб Қурбоналӣ Раҳмонзода, ки бо ҳамкорон муносибати хубе ороста буд. Мукофоти пулиашон низ арзанда буд. Пеш аз ҷоизасупорӣ ҳамаи меҳмононро ба тамошои «Кохи Наврӯз» бурданд. Аз иштироки меҳмонону тоҷикони бурунмарзӣ хурсанд шудам.
Имрӯз ҷавонони эҷодкор шароитҳои хеле сазоворро соҳибанд. Китобхонаҳои тамоми дунё мисле, ки дар рӯйи кафашон бошад. Тамоми шароити ҷустуҷӯву омӯзиш ва эҷодро доранд. Мо аз ҷавонони эҷодкори имрӯз розием, аммо онҳо бояд аз худ розӣ набошанд. Устод Лоиқ хуб мегӯянд:
Ҳар чӣ аз дасти ман ояд, нотамомаш бишмарам,
То зи худ норозиам, аз худ пушаймон нестам!»
Қурбоналӣ РАҲМОНЗОДА,
сармуҳаррири Нашрияи расмии
Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»
«Озмуни «Дуои модар», ки бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа гузашт, чанд вижагӣ дошт, ки яке аз онҳо такроран баргузории Озмун ва ҷамъбасти он дар пойтахти кишвар аст. Яъне, маҳз аҳамият ва шукӯҳи Озмун сабаб шуд, ки вилояти Суғд соли дувум низ онро дастгириву сарпарастӣ кард.
Вижагии дигар набудани маҳдудиятҳои синнусолӣ, касбӣ ва минтақавию байналмилалӣ барои иштирокчиён аст. Хонандаву муаллифони фаъоли рӯзнома имкон пайдо карданд, ки камтарин некиву муруввати модаронашонро барои худ ва атрофиён дар мақола инъикос намоянд. Азбаски модар барои ҳамаи миллатҳо яксон азизу муътабар аст, иштирокдорон аз кишварҳои Чин, Россия, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон буданд. Ҳатто намояндагони мамлакати Чин, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок карданд, ки дар муаррифии Тоҷикистон боз як ибтикори тозаест.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз баргузории 13 озмун, ки як занҷираи тиллоии фарҳанги моро дар даҳ соли охир ташкил медиҳад, ба ҳадафҳои гузоштаи худ расид. Аввал ин ки ба бедории фикрии ҷомеа саҳм гирифт, дувум, дар кашфи истеъдодҳо замина фароҳам овард, севум, гулчини мақолаҳои озмунии хешро дар шакли китобҳои «Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллӣ», «Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон», «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» (барандаи ҷойи аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии Китоби сол - 2021), «Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ» (барандаи ҷойи аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии Китоби сол - 2024) ба хонанда пешкаш кард, ки дар ганҷинаи миллӣ хиштҳои тиллоиро мемонанд».
Хуршедахон ХОҶАЗОДА,
сардори раёсати кор бо занон ва оилаи
МИҲД вилояти Суғд
«Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастгирии раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади дастгирии аҳли қалам, баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тақвият бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти ватандорӣ пайваста озмуну чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор мегарданд.
Бо қарори раиси вилояти Суғд таҳти рақами 169, аз 11-уми июли соли 2024, барои ҳавасмандгардонии иштирокдорони Озмуни байналмилалии рӯзномаи «Ҷумҳурият» - «Дуои модар» маблағ ҷудо гардид. Ғолибон, беҳтарин эҷодгарони ватансаро ва арҷгузорони бузургии Зан-Модар қадр шуданд ва бо амалисозии иқдоми мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ташкилу баргузории чунин Озмуни сатҳи баланд саҳм гирифт, ки мо аз ин тасмим қаноатмандем».
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
![](/images/watertj.jpg)