БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳунар –кони зар!

Фарҳанг

Бунафша Раҳматова тули чанд сол аст, ки ба бофандагӣ шуғл меварзад. Онро касби дӯстдошта унвон дода, аз ин ҳисоб рӯзгорашро пеш мебарад. Аз он меболад, ки ҳунари миллии аҷдодонро тавонистааст муаррифӣ намояд.

 Аслан, ба бофандагӣ замони дар синфи 4 - 5 хонданам, рӯ овардам. Модарам барои аҳли оила маҳсулоти дастӣ омода менамуду мо, фарзандон, бо шодии бепоён онро ба бар менамудем. Дар байни чаҳор духтар ман ба ин касб завқи беандоза доштам. Вақте модарам бо коре банд мешуд, абзори бофандагиро ба даст мегирифтам. Завқи маро дида, нозукиҳои ҳунарро ба ман омӯзонд. Дар ин раҳ модар устоди аввалини ман аст, - мегӯяд Бунафша.

  Модари ӯ дар баробари бофандагӣ аз ҳунарҳои шероздӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ ва кадбонугӣ бохабар буд. Зани сахтгире буду намегузошт духтарон вақти худро бо беҳудагардӣ зоеъ кунанд. Ҳамеша таъкид мекард, ки ба як инсон чил ҳунар кам аст. Тахт ва чодари арӯсии худу хоҳаронашро бо дасти худ омода намудааст.

 Пас аз хатми синфи нуҳ курси кӯтоҳмуддати дӯзандагиро ҳам ба итмом расондам. Қиблагоҳ бароям мошинаи дӯзандагӣ хариду бо камоли майл ҳунарамро сайқал додам ва то ҳол куртаҳоямро худам медӯзам. Бо ҳавсалаи зиёд аз таҷрибаи андӯхтаам ба онҳое, ки хоҳиши омӯхтани касби бофандагиро доранд, ройгон омӯзондаам. Вақти бофтан руҳам ором мегираду аз омода шудани маҳсулот ҳаловат мебарам. Бофанда бояд пурсабр ва эҷодкор бошад, - мегӯяд ҳунарманди чирадаст.

Вақте аз шаҳр ҳамчун келин ба деҳа омад, ягон кор барояш душворӣ намеовард. Барои хонаводаи хушдоман бисёр ҷолиб буд, ки духтари шаҳрӣ тамоми корҳои деҳаро ба чолокӣ анҷом медиҳад. Наздикони шавҳараш аз ӯ бо ифтихор ҳарф мезаданд. Ба зудӣ ӯро дар деҳа ҳамчун ҳунарманд эътироф карданд.

Дар оғози ҳаёти оилавӣ баҳри пеш бурдани рӯзгор онҳо аз деҳа боз ба пойтахт кӯч бастанд. Ҷойгоҳи худро дар маркази ҷумҳурӣ пайдо кардан барои Бунафша ва шавҳараш душвор гардид. Аз таҷрибаи кам ва дастмузди ночиз роҳбари оила худро ба корҳои гуногун саргарм месохт. Сариштакорӣ, бофаросатӣ ва ҳунармандии Бунафша дастгири ҳамсар дар пеш бурдани рӯзгор гардид. Билохира дастранҷаш дар пойтахт талабгорони зиёдеро пайдо кард. Бонуи ҳунарманд ба ғайр аз оне, ки бо дархости муштариён ҳунар меофарад, бидуни фармоиши онҳо низ аз тахайюли хеш маҳсулоти ҷолиб таҳия менамояд. Ӯ шукр мегӯяд, ки соҳиби оилаи солим ва ду гулдухтару як шоҳписар аст.

Дар корҳои калобакуниву риштатайёркунӣ фарзандон ба модар ёрӣ мерасонанд. Духтаронаш, баробари бофандагӣ, аз муҳра ашёҳои гуногун месозанд. Маҳсулоти омоданамудаи Бунафшаро бештар дар фасли сармо ба бар мекунанд. Аз ҳамин сабаб то фаро расидани зимистон дастранҷҳояшро омода менамояд.

Ба гуфти Бунафша, рушди соҳаи ҳунармандӣ барои хонавода боманфиат аст. Бонувони хонашин бояд ҳатман ҳунаре дошта бошанд, зеро аз ин ҳисоб метавонанд шароити зиндагии хешро беҳтару хубтар намоянд. Маҳсули дасти Бунафшаро хурду калон ба бар менамоянд. Эъҷози дасти ӯ зебову замонавист. Пайдо намудани ашёи босифати бофандагӣ на ҳама вақт аз бозор даст медиҳад. Аз ин рӯ, дар бофтани ашё аз риштаҳои босифат истифода мебарад.

Феълан, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар Литсейи касбии махсуси маъюбон курси кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзии ройгон барои занону ҷавондухтарон ба роҳ монда шудааст, ки ба онҳо ҳунарҳои мардумӣ омӯзонда мешавад. Алҳол Бунафша ҳамроҳи духтари калониаш, ки дар синфи нуҳум таҳсил дорад, ҳуҷҷатҳояшонро ба ин даргоҳ супурдаанд.

Ин бонуи заҳматқарин аз рӯйи пеша соҳибэҳтиром гаштааст. Гарчанде чанд маротиба ҷарроҳӣ шуда бошад ҳам, ягон боре аз вазъи ноҷӯри саломатӣ лаб ба шиква накушодаву ҳамеша аз зиндагӣ шукргузор аст. Бо тавсияи табибон бо мақсади иваз намудани боду ҳаво боре ба кишвари Туркия сафар карда, бо худ аз заҳмати дастонаш армуғонҳо бурдааст. Ба ҳар ҷойе, ки сафар кардааст, анъанаву фарҳанги миллиро, агарчи дар доираи маҳдуд бошад ҳам, муаррифӣ намуд. Аммо аз ҳама гӯшаву канори дунё Ватанро биҳишти воқеияш медонаду аз обу ҳавои диёри шифобахш лаззат мебарад.

Мадина БАЛАҶОНОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон