БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ОБШОРИ ЁД

Фарҳанг

Чӣ рӯзу моҳу солҳое нагузаштанд бе ту, Муқаддас!

Ҳамон оташи гарми ёди ту шарора мезанад…

Дар умқи андешаву пиндори ман.

Ёдат мекунам бо ҳама ҳастии хеш. Чашмони гӯсфандии зебоятро. Табассумҳои хушангубини туро. Нигаҳҳои софу беғаши туро, ки аз он меҳр менӯшидам. Гоҳи ба гарданам ҳалқабанд шудани дастони нозуку зебои туро, ки аз самимият ва муҳаббати инсонӣ дарсам медоданд.

Ёд мекунам, ёд…

Садои марғубу сеҳрбахши туро, ки бо сурудҳои ҷовидона дар дили мардум лонаи ишқ гузоштанд.

Бале. Бале. Сурудҳоят якумра дар дили одамон хона гирифтанд. Чӣ пиру барно, имрӯз ҳам, яъне баъди ним асри гузашта, фиттаҳои туро меҷӯянд, мехаранду дар хазинаи ёд нигаҳ медоранд. Хурду калон баробари шунидани суруди ту «Чакра чакидан гирад», номи наҷиби туро ба забон меорад:

 Муқаддас!

                        

Барҳақ номи зебое ба ту модар дода буду Муқаддас мондӣ ба дилҳо.

***

Ёдат мекунам, Муқаддас. Бовар мекунӣ?

Дил маҳзун меноладу ёди ту шарора мезанад…

Гарму гуворо.

Эҳсос мекунам, ки рӯ ба рӯям биншастаӣ. Ҳавои хоначаи мо, дар собиқ кӯчаи Свириденко, алҳол Бухоро, аз накҳати дилҷӯиву хайрхоҳиҳои ту машомангез аст. Гӯш ба лаҳни сеҳрнавози ту додаам. Ҳамон аз модари раҳинтизор мегӯиву аз Баҳодури ягонаи шӯху беқарорат. Ҳамон аз ишқ, аз Нури худ мегӯиву рухсораҳои базебат акси лолаҳои даштӣ мегиранд.

Оҳ, чӣ муҳаббати сахту баланде дода буд туро Худованди пок!

Ва ӯ ҳам туро ба ҷону дил дӯст медошт. Ин ишқ афсонавӣ не, ишқи ҳақиқӣ буд. Инро аз он соатҳои пураламу ҷонгудозе фаҳмидам, ки Нури ту рӯзи марги ту шеван дошт. Ӯ хомӯш ба асо такя зада буду мағз-мағзи ҷонаш месӯхт, реза-резаи устухонаш фарёд мезад. Ҳар тори мӯяш, ки дар як шаби бе ту бигзашта, чун барф сап-сафед шуда буд, дардсӯз навҳа мекашид.

Муқаддас… Муқаддас… Куҷо рафтӣ? Бигӯ, куҷо?

Ва имрӯз ҳам дили ошиқу меҳрбори ӯ барои ту метапад. Барои оламиён эълон доштанаш «Муқаддас дарди якумраи ман аст» магар исботи дӯстдории бузург нест?

Ту хушбахт ва ба чунин қасами вафо меарзӣ, лоиқӣ, Муқаддас!

Сахт ёдат мекунам, Муқаддас!.

 

Гоҳи барору нобарориҳои хеш, гаҳи субҳ, гаҳи шом. Охир ту ягона дӯсти хушназаре будӣ, ки дили маро мефаҳмидӣ. Бе сухан…

Лаҳзаву рӯзҳои ғамгини маро ранг мезадӣ. Ба арғувони хандаҳоят, латофати нозҳоят, қанди ширини тасаллою тамкинат…

Оинае будӣ, эй дӯсти беғараз, ки дар он тасвири худ, сурату сирати хеш медидам. Чашмони намгирифтаи ман кофӣ буд, ки бигӯӣ:

 Латоф, ин ҳама мегузарад. Абри ғам мегузарад. Сабур бош…

Сабурам, Муқаддас! Варна Сабрин намебудам ва дардноктарин зарбаҳои қисматро бе ту паси сар намекардам. Мефаҳмӣ?

Оҳ, Муқаддас!

Медонӣ, чӣ намо ёдат мекунам?

Фариштаи солҳо болупарзанон мегузаранд…

Дарахти чинори назди бинои дуошёнаи моро ба хотир дорӣ? Ба чӣ азамат имрӯз ҳам қиссагӯи таърих ва зиндагии ману туст.

Чун имрӯз ӯст шоҳиди яктову аз он хонаву бинои мо нишоне намондааст. Ҷои он бинои баланд­ошёнае қад афрохтаву пинҳонгаҳи хотираҳои ширини мост. Бинои баланди Тоҷикистони имрӯз арӯси нозанин гаштаи мо, ки аз он метавон чун дар рӯи каф дареву хиёбонҳои гулпӯш, пайкари ороставу зебои пойтахти дилоро, парчами баландтарини сӯи осмон сарафрохтаро бубинӣ. Ҳамон Тоҷикистонеро, ки имсол 30 соли истиқлоли худро ҷашн мегираду дар оҳанги суруди ҷовидонаи ту ба ҳусну таровати тоза ҳар бор қашангтар дилрабоӣ мекунад:

«Тоҷикистони азизи дилбарам…»

 

Оре, ту дар ёди Тоҷикистони азизи худ, дар ёди мардуми хушфарҳанги худ бо ин суруди зебоят якумра маъво гирифтӣ.

***

Ситораҳои ёд фурӯзон мешаванд…

Осмони дури гузаштаро пеши чашм фурӯғ мебахшанд.

Дурахшонтарин ситораи он осмон будӣ, Муқаддас!

Ҷозибаи овози хуши ту ба ғофилтарин дил ишқ мерехт. Саборо менавохт. Ба мавҷ шӯр медод. Кӯҳу дашту чаманро ба ово меовард…

«Эҳсоси ошиқонро бедор мекунам ман…»

Баробари нолаи ғамангези ту ҳазорон ошиқ мегирист. Обшоре буд садои форами ту, ки ба наво мехурӯшиду сипас нарм-нарм фуруд меомад ба замини синаҳои ранҷуру ҷабри бевафоӣ кашида…

«Тарки ёрӣ кардиву ман ҳамчунон ёрам туро…»

Бо овози ҷонбахшои ту зарра-зарра шабнами меҳр мерехт рӯи гули умеди ҳазорон. Ба ташнагӣ ва борони чашм мешуниданд туро. Оҳанги расо дошт созу суруди дилфиреби ту. Бурро. Дилрас. Сеҳрофарин.

«Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам…»

Оҳ, чӣ ширае дошт овози ҷонфизои ту. Ҷаззоб. Шӯрангез. Ғуссарабо. Андуҳшикан. Ҳама ошиқи садои Муқаддас буд:

«Шаб надидам туро, ситораи ман…»

Зеботарин умр умри гул мегӯянд. Умри гули хушрангу хушбӯй, ки дар оғӯши баҳорон умри ҷовидона ёфтааст. Баҳори хотираҳоро сабз нигоҳ медорад.

 

«Шарораи хотираҳо, зи ишқи деринаи мо…»

***

Ёд… Ёд… Ёд…

Оҳ, магар метавон гармии онро аз лахти дил, аз мавҷи хун биканд, Муқаддас?

Фардо рӯзи мавлуди туст. 7-уми январ. Ёдам ҳаст нишасти зебо, базми бузурги хонаи кӯчаки ҳардуямонро, ки пури одам мешуд. Ҳунармандон, сарояндагони номдор, дӯстони беҳтарини ту ҷамъ меомаданд. Суруди Муқаддас буду ғурури дӯстон. Аз Муқаддас, аз садои зебояш, аз лутфу марҳамат, аз меҳмоннавозиву истиқболи меҳрбораш буд болиданҳову сурури дӯстон.

Дар хотират ҳаст? Намакин ҳазл мекардию мегуфтӣ:

Худованд моро дар як сол ба дунё додаст. Ман оғози зимистон таваллуд шудам, ту оғози тобистон. Мехост дар як рӯз ҳам офарад, лек боз як рӯз хато рафт.

Як рӯз пештар аз туям. Ту ҳаштуми моҳ, ман ҳафтум. Пас, бояд ту ҳар доим гапи маро гӯш диҳӣ. Як қадам аз ту пештарам. Ҳама ҷо бояд аз пасам биёӣ… Як сухан зиёд нагӯ… Бе иҷозати ман наханд, гиря ҳам накун…

Оҳ, Муқаддас! Имрӯз иҷозатам бидеҳ, бигир­ям. Бигирям ба шеваи обшор, ба навҳаи зор…

Чун зимистони 75-и умри ту расидаву дар радифи мӯи барфосоям барфи сафеди мӯи туро наметавонам дид. Як хатти зебо аз ожанги рӯю ҷабини ту наметавонам ёфт, ки бархонам. Дар ин рӯз ба 75-и умри ту шеъре нанавиштаму гарм оғӯш гирифта нахондамат. Ҷавон рафтию ҷовид зебо мондӣ…

 Имрӯз паҳлуи ман нестӣ, ки ба ҳавас панҷаи навозиш ба мӯйҳои сафеди ман зада бигӯӣ:

 Пирӣ ҳам давлате будаст, Латоф…

Садои ширину ширарези туро аз дури дуриҳо мешунавам:

 Мавлуди 75 муборак, Латоф…!!

САБРИН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон