БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

БУНАФША

Фарҳанг

Муассисаи давлатии Телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» соли 2021 ба фаъолият пардохта бошад ҳам, аллакай дар кишвар миёни мардум маҳбубият дорад, зеро ба шабака муяссар гардид, то як қатор чеҳраҳои навро рӯйи саҳнаи ҳунар орад. Дар ин даргоҳи санъат як қатор журналистони соҳибқалам фаъолият менамоянд, ки яке аз онҳо Бунафша Юсуфӣ аст. Ӯ ба симати муовини аввали директори «Шаҳнавоз» заҳмат ба бор дорад. Ин журналисти шинохта бо масъулиятшиносӣ ва меҳнатписандӣ соҳиби обрӯ ва эътибори хосса гаштааст.

Бунафша 23-юми майи соли 1979 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш корманди ҳифзи ҳуқуқ буду модараш омӯзгори илмҳои дақиқ. Зодмандон дар тарбияи фарзандон сахтгирӣ зоҳир мекарданд. Бунафша дар байни як хоҳару се бародар фарзанди нахустин маҳсуб меёбад.

Ин духтари моҳҷабин аз хурдӣ орзуи журналист шуданро дар дил мепарварид ва пайваста дар чорабиниҳои мактабӣ ширкат меварзид. Лек падар дар симои ӯ равоншиносро медид. Изҳор менамуд, ки равоншиноси хуб дар ҳама ҷода муваффақ хоҳад шуд. Ба хотири нашкастани армони падар, Бунафша соли 1996, пас аз хатми мактаб, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи равоншиносии факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд.

Аз нахустин рӯзҳои таҳсил дар Донишгоҳ меҳри ӯ ба илми равоншиносӣ зиёд мегардид. Мутолааи пайвастаи адабиёти зарурӣ, олами дигареро ба рӯйи ин духтари маърифатҷӯй боз кард. Дар ин давра ҳамчунон ба эҷоди таронаҳои ширину дилчасп мароқ зоҳир намуд. Нахустин чакидаҳои хомааш садои орзу ва ҳарфи дили пур аз шавқу меҳри ӯ буданд.

Бунафша дар оилае ба камол расидааст, ки меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмиву садоқат иззату икром ҳукмфармо буда, арзишҳои хонаводагиву миллӣ ва садоқат ба Ватану миллат дар мақоми аввал меистоданд.

Ёд дорам, вазифаи ман танҳо нигоҳубини хоҳару бародаронам ва бо онҳо омода кардани дарсҳо буд. Падару модарам нисбат ба тарбияи фарзандон бениҳоят сахтгир будаву ба илмомӯзӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Ҳини аз кор баргаштан сараввал рӯзномаҳоямонро тафтиш мекарданд. Бадин минвол онҳо тавонистанд, панҷ фарзанди хешро соҳибмаълумот гардонанд. Қиблагоҳам ҳамеша насиҳат медод, ки ҳеҷ гоҳ аз доираи чаҳорчӯбаи одобу тамиз ва қонун набароем. Дар кадом самте, ки фаъолият накунед, ҳамеша роҳи ростро бипазиред. Доим талқин мекарданд, ки одами хиёнаткор на дар оила ва на дар ҷомеаву Ватан мавқеъ намеёбад. Дар кор ҳама вақт аз гуфтаи бузургон амал намоед, - иброз медорад Бунафша Юсуфӣ.

Дар зиндагӣ борҳо дучори мушкилӣ гардид, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ноумед намешуд. Таҳаммули ҳиҷрони падар хеле мушкил буд, аз ин имтиҳони сахти зиндагӣ бо сабр гузашт. Баҳри саодати зиндагиро ба даст овардан, саъю талоши зиёд варзид…

Фаъолияти хешро соли 2001-ум аз Идораи барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон оғоз кардааст. Аз мактаби мусиқӣ нозукиҳои ин санъати волоро омӯхта, нисбат ба ин соҳа маълумоти саҳеҳу дақиқ пайдо мекард. «Оҳанги зиндагӣ» чунин ном дошт очерки телевизионии Бунафша Юсуфӣ. Очеркҳои ӯ бе навоварӣ набуданд. Ба ӯ муяссар мегардид, ки бо маҳорати хосса чеҳраҳои қаҳрамонҳояшро нишон диҳад. Навоварӣ дар ҳар шумораи барномаҳояш намоён буд. Ӯро бохабарон яке аз асосгузорони очерки касбии телевизионӣ дар риштаи санъату мусиқӣ меҳисобанд.

Омӯзишу ҷустуҷӯҳо, таҳлилҳои дар соҳаи санъату ҳунар ва алоқаи ногусастанӣ доштан бо аҳли мусиқӣ, таҳияи барномаҳо, кушодани қаҳрамонҳо савияи дониши Бунафшаро боло бурд.

Дастовардҳои касбии ин бонуи ҳунар бо як қатор мукофотҳо қадр шудаанд. Аз ҳама мукофоти дилписандаш медали Хизмати шоиста аст, ки соли равон аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамараш гирифт.

 Барандаи мукофоти давлатӣ масъулияти касро бештар мегардонад. Мекӯшам то нисбат ба солҳои пешин боз ҳам беҳтар эҷод намоям, - бо фараҳмандӣ иброз медорад Бунафшабону…

Хонаводаро барои худ муқаддас меҳисобад. Дар тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Соҳиби як писару ду духтар аст. Худро модари хушбахт медонад, аҳли оилааш, аз сабабе ки бештар ба корҳои ҷамъиятӣ банд аст, ӯро мефаҳманд. Билол ба факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Духтари калониаш дар синфи 11-ум таҳсил дорад, гирандаи стипендияи президентӣ аст. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанни таъриху ҳуқуқ пайваста сазовори ҷойҳои намоён мегардад. Духтари хурдӣ низ дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад.

 Зан дар оила, пеш аз ҳама, ҳамсар ва модар аст ва тавассути тарбияи дурусти фарзандон дар пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузорад, зеро ҷомеаи солим аз тарбияи дурусти наврасон вобаста аст. Боиси хушҳолист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши бузурги занон, дар баробари тарбияи фарзанд, дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва барои боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа як зумра тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ кардаанд, ки мо шоҳиди самаранок амалишавии онҳо ҳастем, - меандешад Бунафша Юсуфӣ.

Бунафша бо қомати болову мавзун ҷавонтару зеботар аст. Чеҳраи гарму дилнишин ва нигоҳи пурнураш гувоҳи ботини софу беолоишаш аст…

 Касбамро дӯст медорам ва аз иҷрои он ҳаловат мебарам. Ҳангоми сари кор будан роҳбар буданамро аз хотир мебарораму ҳамоно рисолати журналистиамро сомон медиҳам, аммо то ҳол аз худ қаноатманд нестам. Роҳбар будан водор месозад, ки мавзуъҳои гуногунро омӯзию нисбат ба кори худ сермаҳсулу ҷиддӣ бошӣ…

Мадинаи УСМОН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон