БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз мутрибиву ҳофизӣ то саҳнаи театр
ФарҳангБо як нигоҳи умедворона ба фардо дар нақшҳои офаридааш дарду доғи ҷомеаро инъикос менамояд, то бо ин роҳ тавониста бошад дар ислоҳи камбудиҳо саҳм гузорад. Ин санъаткори ҷавон Дилноза Раҳимова, ҳунарпешаи театру кино ва корманди Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мебошад.
Аз хурдӣ сурудану навохтанро дӯст медошт, соатҳои зиёд рубобро ба садо меоварду дутор мезад ва вақти зиёдашро дар мактаби мусиқӣ сипарӣ менамуд. Аз сарояндаҳои номвари тоҷик Нуқра Раҳматова, Лола Азизова, Ширинмоҳ Ниҳолова ва Олим Бобоев суруд мешуниду баробар бо ҳунармандони дӯстдоштааш тарона замзама мекард. Тозаву ширину гарм месуруд. Орзуи саҳнаи калон дошт. Тули якуним сол дар Мактаби мусиқии шаҳри Панҷакент аз Собирҷон Исмоилов нозукиҳои санъати шашмақомхонӣ ва навохтани асбобҳои миллиро омӯхт.
Дар бисёре аз чорабиниҳои фарҳангии шаҳр ҳамроҳи гурӯҳашон ҳунари волои хешро нишон медод. Дар яке аз ташрифҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо оҳангҳои хушнавозу сурудхонии ҷаззобаш назди ӯ ҳунарнамоӣ намуд ва он рӯз фараҳманд аз он буд, ки маҳз назди Пешвои муаззам рух намояд.
Бо мурур фикраш тағйир хӯрд. Чун замони таҳсил дар мактаби миёна пайваста зимни баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар саҳначаҳо нақшофарӣ менамуд, хоҳиши ҳунарпеша шудан дар қалбаш ҷӯш мезад. Баробари хатми мактаб волидонро аз ин тасмими хеш огоҳ кард. Падар як каме дар тааҷҷуб афтод, зеро онҳо мехостанд, ки фарзандашон табиб шавад. Агарчи модар розӣ набуд, падар ӯро ҷонибдору ҳамроҳ пайи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо шуданд.
Ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қадам гузошт. Он рӯз мебоист имтиҳони маҳорат месупурд. Ҳамоно дар ҳаяҷон буд. Чун рӯ ба рӯяш устодони санъати театр ва кино, аз ҷумла Қурбони Собир меистод. Вале як сухани устод тавонист, ки ба Дилноза неру бахшад. Вақте Қурбони Собир мегӯяд, аз он ки чеҳраи тоҷикона дорӣ, аллакай қабул шудаӣ, вале мехоҳем маҳорати актёриатро низ бубинем, Дилноза имтиҳонро пушти сар кардаву донишҷӯйи ин боргоҳ мегардад.
Пас аз чор соли таҳсил ва хатми риштаи ҳунарманди театр ва кино, фаъолияташро аз Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шуруъ намуд. Чаро маҳз ин театр? - мепурсам аз ӯ.
- Шояд замони донишҷӯӣ вақти бештарамро дар театр сипарӣ намуда будам ва ё зиёде аз устодонам дар ин ҷода фаъолият доштанд, меҳри театр дар қалбам ҷой гирифта буд. Ва ё шояд рушд накардани соҳаи кино дар кишварамон бошад, ки театрро интихоб намудам ва пушаймон ҳам нестам, - иброз медорад Дилноза.
Аввалин намоише, ки дар он нақш офарид, қаҳрамонаш рӯбоҳи маккор буд. Мебоист фиребгариву ҳиллагарии рӯбоҳро нишон диҳад. Чун духтараки оромтабиату дилсоф буд, офаридани нақш барояш мушкил афтод. Қабл аз намоиш, шаб то ба саҳар тариқи шабакаи интернет наворҳоеро, ки дар он рӯбоҳ нақшофарӣ намудааст, тамошо кард ва рӯзи дигар аз уҳдаи иҷрои нақш ба хубӣ баромад. Баъдан, нақши дигареро дар намоишномаи «Фарёди ишқ»–и коргардон Нозим Меликов ба ӯ бовар карданд, ки бо як маҳорати баланд иҷро намуд.
Ӯ аллакай наздики 10 нақши асосиро бозидаву ҳоло бошад ба се намоиши дигар омодагӣ мебинад. Аз нақшҳои то ин замон офаридааш қаҳрамонаш Хайрӣ бештар барояш писанд асту ҳар гоҳе ин намоишномаро ба саҳна гузоранд, бо як шӯру шавқ онро мебозад.
- Хайрӣ қаҳрамони намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ!» аст. Хонандаи синфи 9 ва як духтараки ошиқу ишқи покдошта. Ишқро пайғоми илоҳӣ мебинам ва мепиндорам, ки ишқ бояд поку беолоиш бошад. Ҳамин покии ишқу он чи ки дар ниҳоди ман аст, онро дар қаҳрамонам дидам. Шояд, нақши қаҳрамонам бо эҳсосоту руҳияву андешаам наздик аст, ки ҳар лаҳза мехоҳам ин нақшро бибозам. Ва худро дар замони мактабхониам тасаввур намоям, - хушҳолона мегӯяд Дилноза.
Агарчи ба Дилноза бештар нақши зани оромтабиату маҳингуфторро медиҳанд, ӯ худро дар нақши як зани нотарсу қавӣ ва ҷасуру оҳанинирода дидан мехоҳад.
Имрӯзҳо Дилнозаро дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» низ мешиносанд. Чанде аз видеонамоишҳои ӯ дар якҷоягӣ бо блогерон маҳз дар ҳамин шабака ҷой дода шудаву маҳбубияти бештарро миёни обуначиёнаш касб намудааст. Аввалин видеонамоише, ки Дилноза дар он нақш офарид ва барои шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» омода шуд, «Хостгорӣ» аст. Тамошобини зиёдро ба худ ҷалб намуду ҳамчун ҳунарпеша ӯро бештар муаррифӣ кард.
- Имрӯзҳо кам ҳунармандоне ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанду бо блогерон ҳамкорӣ намоянд. Чӣ боис шуд, ки ба олами нав - блогерӣ рӯ овардед? - мепурсам аз ӯ.
- Рӯ оварданам ба дунёи маҷозии интернет қиссаи худро дорад. Соли 2020, рӯзҳои аввали фаъолиятам дар театр, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворгирии филме ба роҳ монда шуд, дар нақши асосӣ як бонуи тамоман аз санъат дур, яъне моделеро даъват карда буданд. Ба коргардон гуфтам, чаро як нафари бегона, мо ҳунармандони ҳирфаии хуб дорем ва онҳоро мешавад ба филм даъват намуд. Он кас гуфтанд, ҳунарпешаҳои мо, махсусан, шуморо кӣ мешиносад? Ин нафарро ҳама мешиносад ва ба хотири ӯ филм тамошобини бештар пайдо мекунад. Ин суханашон ончунон маро озурда сохт, ки назди худ мақсад гузоштам, то ҳунари худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш диҳам. Яъне, ба қавле, шинохта ҳам гардам, - бо таассуф ёд меорад он рӯзҳоро Дилноза.
Қабл аз ин, аз ҷониби блогерон Сино Соҳибов ва Юсуф Собиров барои Дилноза пешниҳоди иштирок дар чанде аз видеонамоишҳои тарбиявӣ шудаву ӯ ҷавоби рад дода буд ва ин маротиба ба пешниҳоди онҳо розӣ ва аввалин нақши худро дар видеонамоиши «Хостгорӣ» иҷро намуд. Баъд аз ин, теъдоди обуначиёни саҳифаи «Инстаграм»–аш аз ҳазор нафар гузашта, имрӯзҳо 128 ҳазор обуначӣ дорад. Дар озмуни «Блогери сол» низ беҳтарин нақши ҳунарпешаи солро соҳиб гардид.
Дар фарҷом аз нақшаву орзуҳояш низ гуфт:
- Кори аввалиндараҷаам омӯхтани забони англисӣ аст. Зиёд мехоҳам, ба кишвари орзуҳоям – Фаронса сафар намояму зебоиҳои онро аз наздик бубинам.
Бунафша РАҲМОНОВА