Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳунар омӯз…
ФарҳангБо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзӣ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 таҳия гардид, ки дар доираи амалигардии Барномаи мазкур имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ва, ҳамчунин, дар назди ташкилоту муассисаҳо марказҳои ҳунармандӣ фаъолият менамоянд.
Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар Литсейи касбии махсуси маъюбон аз зумраи чунин марказҳое мебошад, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар он омӯзиши ҳунарҳои қадим ва муосири миллати тоҷик ба хонандагон ва бонувони хонашин ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаи мазкур маркази ҳунармандӣ аз моҳи январи соли 2021 ифтитоҳ гардида, дар ин ҷо бо муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ вобаста ба касбу ҳунарҳои миллӣ ва муосир ташкили курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ оғоз гардидааст. Дар маҷмуъ, аз он сол ба ин тараф марказ 172 нафар занону духтаронро касбҳои дӯзандагӣ, попуридӯзӣ, гулдӯзӣ омӯхта, бо шаҳодатномаи хатми курс таъмин намудааст. Ҳамзамон, дар ин ҷо барои ҳунаромӯзон шароите муҳайё гардидааст, ки ҳама дар муносибат бо шогирдон мисли апаву хоҳар шудаанд.
Меҳрубон Усмонова дар чунин муҳити созгори Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Ӯ пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-уми ноҳияи Фархор барои идома додани таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супурда, онро бомуваффақият хатм намуд. Фаъолиятро аз боғчаи № 1-и ноҳияи Фархор оғоз кард. Баъд дар МТМУ № 1 омӯзгор шуд, сипас муовини директор ва роҳбари мактаб таъин гашт.
Дар ноҳия дар вазифаи мутахассиси бахши танзиму анъана ва ҷашну оинҳо кор кард. Баъди ба Душанбе омадан, дар Донишкадаи такмили ихтисос дар вазифаи мутахассис фаъолият намуда, чанд муддат аст, ки дар Литсейи касбии махсуси маъюбон заҳмат мекашад. Тули ин муддат дар ин коргоҳ таҷрибаву малакааш боло рафта, соҳиби эҳтироми зиёд гардид. Чеҳракушодаву сухандонӣ ва ҷиддӣ буданаш дар иҷрои вазифа, дар байни ҳамкорон маҳбубаш гардонд. Роҳбарияти муассиса қобилияти касбии ӯро дарк сохта, ба ӯ вазифаи мудири Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосирро бовар намуданд.
Меҳрубон Усмонова аз соли 2015 то 2020-ум вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор буд.
Духтароне, ки наздамон барои касбомӯзӣ меоянд, ҳамчун фарзандони худ қабул менамоем. Худ, ки соҳиби ду духтарам, дар симои онҳо ҷигарбандонамро мебинам. Вақте шогирдон баҳри ҳунаромӯзӣ меоянд, аз рӯзи аввал таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳем. Бахусус дар ҷараёни ёдгирӣ духтаракон ба дастгирӣ ниёз доранд. Дар ин лаҳзаҳо хеле ҷиддӣ ва ғамхорона ёрӣ мерасонем, - иброз намуд зани ҳунарманд.
Феълан, Меҳрубон соҳиби чор набераи дӯстрӯ мебошад. Фарзандон дар пешомади мушкилоти рӯзгор аз модари соҳибхираду соҳибтаҷриба маслиҳат мепурсанду хонаводаи шогирдон низ дар сурати пеш омадани мушкилӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд. Хизмати шоистаи Меҳрубон бо ифтихорномаву мукофотҳои соҳавӣ қадр гардидааст.
Дар асл занро чароғи хонадон мегӯянд, ки беасос нест. Агар мард таъминкунандаи ризқу рӯзӣ бошад, зан ободгару пайвандгар, тарбиятгару рӯшноии хона мебошад.
Меҳрубон Усмонова дар бораи хонаводааш чунин мегӯяд:
Падарам Бурҳониддин Усмонов солҳои тулонӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ заҳмат кашидаанд. Хеле шахси ҷиддӣ, ҳамзамон, ҳалиму меҳрубон ҳастанд. Зодмандон мекӯшиданд, ки муҳити хонаводаро созгору ором нигоҳ доранд. Мо, ҳафт фарзанд, ягон маротиба овози баланди волидонро нашунидаем. Ба ҳар мартабае, ки дар зиндагӣ лоиқ гардидаем, аз дастгирии падари насиҳатгару меҳрубонам аст.
Модарам Шарофат, дар беморхона ҳамшираи шафқат буда, дасташ ба тамоми корҳои рӯзгор мерасид. Ҳангоме ки модар хамир мекард, ҳамсояҳо барои захираи ҳезум нонҳояшонро дар танӯри гарми мо мебастанд. Модарам одамдӯстдор буду ҳамсояҳоро ба хона тез – тез даъват намуда, шакароб, қурутоб, тезакоб, оши бурида ва ё туппа мепухт. Бибиам, ки зани ҳунарманд буд, ба мо шерозу чакану, гулу чодардӯзиро ёд доданд. Дар зиндагӣ доштани ҳунар сари болоям буду бахтам дод, -
ба ёд овард Меҳрубон.
Дар зиндагӣ Меҳрубон Усмонова шикасту рехти зиёдро дидааст, аммо ба ҳама пастиву баландии рӯзгор тоб оварду хушбин асту қаноатманд. Ҳар ҳарфаш саршор аз меҳри Меҳан ва обод кардани он аст. Шоиста зиндагӣ мекунаду рӯзгори хуррамро пеш мебарад. Ин фархундабахтиро подоши ҳунари дастону донишу хирад медонад, аз устодонаш, ки барояш ҳунару дониш омӯхтаанд, Зирамоҳ Шокирова, Раъно Мирзоева, Мавлонбӣ Тураева, Файзинисо Иброҳимова ва дигарон сипосгузор аст. Ба модарони ҷавон тавсия медиҳад, ки ба фарзандон, дар баробари илму дониш, ҳунар омӯзанд, зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҳар суханрониашон ҳидоят менамоянд, ки модарон ба фарзандон ҳунар омӯзанд, махсусан духтаронро соҳиби касбе намоянд, то дар зиндагӣ дарнамонанд.
Мадина БАЛАҶОНОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
