Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зебдеҳи гӯшаи диёр
ФарҳангШаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ. Дар ин гӯшаи куҳандиёр, 17 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, ба пешвози Ҷашни муҳташами 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншоотҳои истеҳсолӣ, иҷтимоиву истиқоматӣ, тармими биноҳои таъиноти гуногун бомаром идома доранд.
Барои аҳли фарҳанги ноҳия моҳи октябри соли 2024 рӯйдоди шодиангезе ба вуқуъ пайваст: бинои ба тозагӣ сохтаи Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафӣ» зебдеҳи як гӯшаи шаҳраки Сомониён гардида, барои равнақи соҳаи санъат ва ба дабистони муосири ҳунарҳои зебо ҷалб шудани кӯдакону наврасон созгор гашт.
Фирӯза Ҳакимова, муовини директор оид ба таълими муассиса, ки қабл аз таъин шудан ба ин вазифа дар бахши фарҳанги МИМҲД ноҳия фаъолият мебурд, хушҳол аз он аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст барои бунёд, тармим ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ саъй меварзанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса доранд. Тибқи Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар мамлакат, дар 14 шаҳраку деҳоти ноҳия 30 китобхона-филиалҳо сохта ва ҳам навсозӣ шуданд. Ҳатто деҳаҳои дурдасте, ки ҳолати китобхонаҳои онҳо басо хароб буд, аз назар дур намонд. Дар қатори ҳамаи ин муассисаи мо низ ҳамчун иншооти ҷашнӣ бо шукӯҳмандӣ қомат афрохт, - иброз дошт Фирӯзабону.
Намои мактаб диданиву сутуданист. Саҳни ҳавлии онро тандисҳои биринҷии хунёгарон, ки созҳои мусиқӣ ба дастанду бонуе гӯё дар арғушт аст, зеб медиҳанд. Ин бинои чорошёна, ки қабати аввалро бо мармари сиёҳ, ошёнаҳои болоро ширранг ва ҳошияи равзанаҳоро бо хатти қаҳвагун оро додаанд, диққати дилхоҳ раҳгузарро ба худ ҷалб месозад, хосса ба хатҳои зарҳалине, ки рӯи мармари сиёҳи даромадгоҳ исми мактаб ҳаккокӣ шудааст.
Миёнсаройи ошёнаи аввали он сафеду зебову барҳавост. Гӯшаеро мисли саҳна зеб додаанд, ки рӯи он фортепианои бузурге қарор дорад. Поинтари он курсиҳои зиёд саф-саф ҷой гирифтаанд.
Ин муассисаи фарҳангӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, дорои 5 шуъба –мусиқӣ, рақс, рассомӣ, театрӣ ва созҳои нафасист. Дар мактаб 400 нафар таълимгиранда дар ин шуъбаҳо аз 31 омӯзгор, ки 18 нафараш дорои маълумоти олии тахассусист, нозукиҳои санъати наҷиб меомӯзад. Ҷамъи умумии кормандон 40 нафар мебошад: 25 мард, 15 нафар бонувон ва аз 486 хонандаи муассиса 194 нафараш духтаронанд.
Солҳои пеш мардум ба санъат кам таваҷҷуҳ доштанд, кӯдакон ба мусиқӣ на он қадар моил буданд. Баъди роҳандозӣ шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳавасмандии хонандагони мактабҳо ба омӯхтани нозукиҳои санъат зиёд шуд. Теъдоди хонандаҳо афзуда, соли 2024 ба 486 нафар расид. Бовар дорам, ки бо фароҳам омадани чунин шароити созгор ва имкониятҳои васеъ сафи хонандагон боз ҳам меафзояд, - гуфт ҳамсуҳбатам.
Муҳассилини мактаби санъати бачагона ҳамасола дар Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ҷидду ҷаҳди тамом дар жанрҳои гуногун ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро сазовор мегарданд. Соли 2024 низ то даври ҷумҳуриявӣ ҳунари волои хешро моҳирона истифода бурда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва аз ҷониби раиси ноҳия бо ҷоизаҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо қадр шуданд. Хосса ҳунарнамоии шогирдони муаллим Дилором Шарафова дар ин Озмун шоистаи таҳсин аст. Ғайр аз ин, дар фарҷоми соли 2024 раиси ноҳия ба хотири рушди истеъдоди волои хонандаи синфи 2-юми Мактаби санъат Ҳумайро Фаттоҳзода асбоби мусиқии чанг ҳадия намуд, ки боиси руҳбаландии ҳам кӯдак, ҳам омӯзгорони муассиса гардид.
Ба хонандагон омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд, дар баробари ин, омӯзгорони ҷавон низ ба муассиса ҷалб гардидаанд. Хосса хатмкардаҳои муассиса, ки дар Коллеҷи фарҳангу Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намуда, соҳибкасб мешаванд, ба Мактаби санъат баргашта, ба омӯзгорӣ мепардозанд. Дар баъзе мактабҳои санъати шаҳру ноҳияҳо аз норасоии кадрҳо мегӯянд, дар ноҳияи Рӯдакӣ тавонистем ин мушкилиро аз ҳисоби чунин шогирдон бартараф намоем.
Ҳар як шуъба устоди касбии соҳаро дорад, танҳо дар шуъбаи созҳои нафасӣ мутахассисони ҷавон намерасанд. Ду-се нафаре, ки фаъолият дорад, устодони солхӯрда ҳастанд. Дар ҳамдастӣ бо роҳбари бахши фарҳанги МИМҲД ноҳия кӯшиш дорем, ки аз ҳисоби ҷавонони маҳал кадрҳои болаёқатро омода созем, - изҳор дошт омӯзгор.
Фирӯза Ҳакимова бо ифтихор аз хатмкардагони мактаб ёдовар мешавад, ки аксари онҳо дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият доранд. Омӯзгор Маъруфҷон Одилов дар навохтани асбобҳои зарбӣ шогирдони чирадастро тайёр кардааст, ки онҳо ҳоло дар кишварҳои Ҳиндустону Қазоқистон бо ҳунари хеш соҳибноманд, саҳми устодон Дилором Шарафова – дар жанри академии фортепиано, Султон Булбулов дар навохтани аккордеон, Саодат Ғаффорова – санъати овозхонӣ, Ҳафиза Соҳибназарова – омӯзиши рақс, Одил Муродов –
рубобнавозӣ, Толибҷон Аюбов – устои кулол ва дигарон дар тарбияи насли санъаткорони ноҳия бориз аст.
Таҳсил дар Мактаби санъат баъди итмоми дарсҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сифати дарси иловагӣ сурат мегирад. Агарчи дар мактабҳои миёна фанни суруд ва мусиқӣ дар як ҳафта як маротиба таълим дода мешавад, на ҳама кӯдакон қобилияти дарк карда тавонистани зарбу шунавоии мусиқиро доранд. Шогирдони муассисаи мо аз 130 мактаб гулчин шудаанд ва метавонанд барои рушди соҳаи санъат дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд. Рушди соҳаи фарҳанг дар мамлакат маҳз аз чунин мактабҳо оғоз меёбад, ки ҳамчун таҳкурсие барои омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг хидмат менамояд, - афзуд омӯзгор.
Дар муассиса шуруъ аз кӯдакони 5 – 6-сола то 15-сола таҳсил менамоянд. Вобаста аз сатҳи маҳорати ҳунарварии онҳо дар як синф метавонанд ҳам хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ҳам болоӣ таълим гиранд.
Дар дили кӯдак бояд муҳаббати саршор ба ҳунар ҷӯш занад. Таҳсил дар ин макон барои кӯдак маҷбурӣ нест, балки хонанда амиқан дарк созад, ки ин ё он ҳунарро дӯст медорад ва ба он бояд чира шавад. Ҳолатҳое мешаванд, ки хонанда гоҳо хоҳиши ба мактаб омадан надорад, лек аз рӯи нақша омӯзгор бояд барномаи таълимиро ба онҳо омӯзонад. Мабодо, агар аз ниҳодҳои зидахл тафтиш сурат гирад, омӯзгорон аз норасоии хонандагон метавонанд хиҷолат кашанд. Аз ин рӯ, хуб мебуд, агар дар муассиса дар баробари санъат барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тадрис шаванд, - таъкид намуд Фирӯзабону.
Ягона камбудӣ дар Мактаби санъати бачагонаи ноҳия ин набудани толори бузурги консертист. Ҳол он ки барои намоиш додани маҳсули заҳмати устодону шогирдон ва ҷамъбасти ҳар чаҳоряки сол мавҷудияти чунин толор басо муҳим аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкор ҷиҳати рафъи ин камбудӣ ба ифоқа расида, ният доранд, ки дар давоми сол чунин толорро дар шафати муассиса сохта, ба истифода диҳанд.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе - Рӯдакӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
