Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Бо мадади Президент зиндагиро пеш мебарам»
ФарҳангДар дили шаб, вақте ки сокинони шаҳри Хоруғ хобанд, Аслигул Дилхонова роҳи нонвойхонаашро пеш мегирад. Ӯ нон мепазад, ба бозор мебарад, мефурӯшад ва зиндагиро пеш мебарад. Ана ҳоло хамир мешӯрад. Хамир наздикии субҳ мерасад. Зувола мегирад, дар тарозу вазнашро месанҷад ва ба бастан остин бармезанад. 40 нон пухта онҳоро пеш аз соати ҳашт ба чор мағоза тақсим намуда, ҳамзамон, пули нонҳои рӯзи гузашта тақсимкардаашро ҷамъ меорад. Ҳар рӯз ин кор такрор меёбад, бо ин минвол, худ, шавҳари нафақахӯр ва писарашро, ки маъюб аст, мехӯронаду мепӯшонад.
Аробаи зиндагиро бо ин тарз ба пеш ҳаракат медиҳаду кӯшиш мекунад, ки ҳеҷ вақт дастнигари касе набошад. Чӣ будани сархамиро намедонад, вазниниро эҳсос намесозад, аз кор ҳарос надорад.
Аслигулбону фориғуттаҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе аст. 32 сол таҷрибаи кор дар Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ дорад. Ӯ дар шуъбаи кӯдакона аз нисф зиёди умрашро сипарӣ намудааст. Сабаби аз бемориҳои гуногун шифо ёфтани ҳазорҳо кӯдак шуда, то синни нафақа фаъолият намуд. Баъд барои пешбурди зиндагӣ самти корашро тағйир дод. Алҳол ӯро чун нонпаз мешиносанд.
Зиндагиамон хуб мегузашт, аммо пас аз нафақа бекор нишастан нахостам. Нонпазӣ касби хуб аст, ҳеҷ гоҳ гурусна намемонӣ. Асосан, мо - тоҷикон аз азал нонпазем ва шинохту эҳтиромамон ба нон хеле зиёд аст. Азбаски нон дар дастархони мо аз ҷумлаи хӯрданиҳои муҳим дониста мешавад, фикр кардам, ки аз уҳдаи пухтану фурӯхтан ба осонӣ мебароям ва як рӯз корамро оғоз кардам. Синну солам ба ҷое расида бошад ҳам, кор ба ман душворӣ намекунад, балки дар дергоҳи шаб бо шавқ хамир мешӯрам ва аз он ки ба оилаам ёрӣ мерасонам, хеле шодам, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамин тавр, ӯ бо фурӯши нон рӯзгорро пеш мебурд, шукр мегуфт ва ба дода қаноат мекард. Азбаски Аслигул Дилхонова раиси маҳалла буду ба хурду калон хизматаш мерасид, хабари нонпазиву нонфурӯшиаш зуд паҳн шуд. Дар ин росто, аз бахши занони шаҳр ба ӯ тавсия доданд, ки барои васеъ кардани фаъолияташ дархости иштирок дар озмуни Гранти президентӣ барои занони соҳибкор диҳад ва ҳамин тавр ҳам карду соҳиби 20 ҳазор сомонӣ шуд.
Пеш аз ба даст овардани Гранти президентӣ як тафдон дошт, ки то даҳ нон мепухт, вале чун маблағро гирифт, тафдони дуқабата харид, ҳоло дар як баст то 40 нон мепазад.
Дар нигоҳи аввал 20 ҳазор сомонӣ чандон пули калон нест, аммо зиндагии моро ин миқдор маблағ ба куллӣ дигар кард. Бо кумаки Президент на танҳо тафдони хуб, балки расман нонвойхонаамро кушодам ва ҳоло фаъолиятам бисёр хуб аст. Ин грант маро пеши ноҷӯриҳои зиндагӣ сарбаланд кард ва ҷасурона рӯзгорро пеш бурда истодаам. Таваҷҷуҳи харидорон ҳам ба нону маҳсулоти нонии ман хеле зиёд аст. Ҳамин боварӣ ва дӯстдории мардум аст, ки ҳоло ман ҳар субҳ ба чор мағоза нон мебарам ва барои маъракаҳои хурсандии сокинон нону санбӯса мепазам. Агар гӯем, ки ёрмандии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯзу фардои мо мадад расонд, хато намекунем, - илова намуд холаи нонпаз.
Ҳоло чор мағозаи шаҳри Хоруғ нон ва маҳсулоти нонии Аслигул Дилхоноваро мефурӯшад.
Ҳамсуҳбати мо ният дорад, ки дар солҳои оянда боз барои ба даст овардани Гранти президентӣ талош меварзад, агар аз озмун гузарад, ин навбат сехи қаннодӣ таъсис дода, духтарони маҳаллиро ба кор ҷалб менамояд. Яъне, ба онҳо ҳам касб меомӯзонад ва ҳам бо кор таъмин месозад.
Фикр мекунам, ёрии Пешвои миллат ба заноне, ки ба соҳибкории хурду миёна машғуланд, бесабаб нест. Ин марди хирадманд ва ғамхори халқ ҳамеша барои беҳбудии зиндагии мо мекӯшад. Бубинед, ҳамасола даҳҳо занони тоҷик соҳиби Гранти президентӣ шуда, ҳаёти худу наздиконро беҳтар месозанд. Ин гуна кумакҳо сабаб мешаванд, ки ҳар бонуи кишвар қувваи худро даҳчанд ба кор бурда, бо заҳмати ҳалолу сари баланд рӯзгорашро пеш барад, назди касе сар хам накунад, аз касе чизе интизор нашавад ва худро бисозад, - афзуд Аслигул Дилхонова.
Ҳ. ТОҲИРӢ
Мубодила:
Шарҳҳо
