БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Модари китобҳо»

Фарҳанг

  Вурудгоҳи Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвонро китобдорони китобхонаи марказии ноҳия бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо китобҳои кӯдакона орос­таанд ва тамошогарон бо шавқи беандоза ҳар китобро варақ зада, аз масъулин иҷозаи хондани онро мегиранд.

Вақте дар бораи фаъолияти китобхонаҳои ҳудуди ноҳия ҷӯё шудем, бонуеро муаррифӣ намуданд, ки умри бобаракати хешро сарфи китобдорӣ намудаву ҳамчун «Модари китобҳо» шинохта шудааст.

Зебо Холова аз соли 1977 дар китобхона фаъолият дораду ҳар як китоби онро чун ганҷи бебаҳо ҳифз менамояд. Дар собиқаи 48-солаи корӣ китобдору мудир ва директор буду алҳол китобшиноси ин муассисаи маърифатӣ аст. Бо хонандагон меҳрубону бо китобҳо меҳрубонтар мебошад. Ҳар хонандае, ки бори аввал вориди китобхона мешавад, аввал аз дарси тарбиявии ӯ дар бораи афзалияти китобхонӣ ва эҳтиёт намудани ин ганҷи маънӣ бархурдор мегардаду барои мутолаа тавсияҳо мегирад.

Мегӯянд, шумору тартиб, номи китобҳо ва ҳатто дар кадом раф мавҷуд будани кадом китобро апаи Зебо аз ёд медонаду ҳамчун қомуси китобхона посухгӯи саволҳои хонандагону ҳампешагон аст. Ба ин гуфтаҳо, вақте итминон пайдо намудем, ки Зебо Холова дар бораи фонди китобхона бидуни варақу қайдҳо маълумоти муфассал медод ва аз касби худ ифтихор мекард.

 Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 28 китобхона фаъолият дорад, аз он ҷумла 25 китобхонаи деҳотӣ, як китобхонаи системаи марказӣ, як китобхонаи бачагона ва китобхонаи шаҳрӣ. Фонди умумии китобхонаҳо 152100 нусха, аз ин шумор адабиётҳо бо забони тоҷикӣ 47542 нусха, бо забони русӣ 92068 нусха, бо забонҳои дигар 11509 ва тақрибан 1000 нусха китобҳои тозанашрро дар бар мегирад, ки ҳамарӯза дар хизмати аҳолӣ қарор дорад, - ба суҳбат оғоз мекунад бонуи китобдор.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2025 аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид Соли фарҳанги китобхонӣ эълон шудааст. Ин иқдом китобдорони ноҳияи Ёвонро, ки яке аз минтақаҳои сераҳолии вилоят аст, серкортар кардааст. Онҳо талош меварзанд то ниёзи аҳолиро бо ғизои маънавӣ бароварда созанд ва хизматрасониро дар сатҳи олӣ ба роҳ монанд.

 Мо, кормандони китобхонаҳои ноҳияи Ёвон, ҳамчун масъулини хазинаи маонӣ, мекӯшем то фаъолиятамон танҳо дар доираи китобдорӣ маҳдуд набошад. Бахшида ба ҷашну маросимҳо, идҳои милливу давлатӣ, гиромидошти адибони бузург конфронсу мизҳои мудаввар ташкил намуда, дар мактабҳое, ки хонандагони бештар доранд, намоишҳои китоб ташкил кардем. Вақте аҳолӣ китобро бештар мебинад, завқи ӯ низ ба хондан ба тадриҷ боло меравад, - мегӯяд китобдори номвар.

Зебобону аз он меболад, ки пас аз эълон шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи аҳолӣ ба китобхонӣ бештар гаштааст. Аз кӯдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсола ҳама орзуи ширкат ва ғолибият дар ин Озмуни бонуфузро доранду ғолибони он дар баробари ҷоизаву ифтихорномаҳо дӯсти вафодору беозорро пайдо кардаанд, ки ин китоб ном дорад.

«Модари китобҳо», ки худ аз хурдӣ ба мутолаа муҳаббати хос дошт ва умри бобаракатро сарфи китобхониву китобдорӣ намуд, фориғ аз соати корӣ ба набераҳои дилҷӯ китоб мехонад ва пайвандонро ба китобхонӣ ҷалб намуда, дар рушди зеҳнии онҳо саҳм мегузорад.

М. НАЗИРОВА,

Душанбе - Ёвон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 23)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон