БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Эҳёгари анъана

Фарҳанг

Дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Модар, ки соли равон дар пойтахт зебову рангин доир шуд, дастпарварони мактаби санъати ноҳияи Рӯшон таҳти роҳбарии Муҳайё Давлаталиева маҳорати баланд нишон доданд. Дар ин чорабинии сатҳи олӣ Муҳайё зери навои созҳои мусиқии шогирдону чархзаниҳои зебои раққосон суруди «Наврӯзи Тоҷикистон»-ро дилписанд иҷро намуд. Устодону ҳунармандони мактаби санъати ноҳия алҳол дар садади таҳияи барномаи нави фарҳангӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошанд, зеро онҳо дар ин ҷашн низ даъватианд.

Муҳайё дар хонаводаи фарҳангиён ба дунё омадааст. Падар Давлатмамад Давлаталиев солиёни зиёд мудири клуби калонтарин деҳа дар ноҳия – Шидз буд. Борҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-1» ва ғайра ширкат доштанд. Солҳои охир ҳамчун роҳбари бадеии дастаи ҳунарии мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон фаъолият дошт. Шогирдонаш дар озмуни «Овози тиллоӣ» ва аз рӯи номинатсияҳои гуногун дар озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ғолиб дониста шуданд. Модар Дилшодбегим китобдори мактаб буд.

 

Муҳайё овози хуб дошту чорабиниҳоии фарҳангии мактаб нахустин саҳнаи муаррифии ҳунару истеъдоди хурдсол гардид ва байни мактабиён ва омӯзгорон аввалин мухлисонашро низ пайдо намуд. Ҳамзамон, ҳунари рақси санъаткори наврас низ такмил ёфта, яке аз беҳтарин раққосони мактаб эътироф гардид.

Дилбастагӣ ба ҳунар, ки аз муҳити хонаводагӣ маншаъ гирифта, шавқу завқи ботинӣ роҳбараш гардид, ӯро пас аз хатми мактаби миёна ба Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард. Пас аз хатми донишкада фаъолияташро ҳамчун овозхони шуъбаи фарҳанги ноҳия оғоз намуд.

Ба бахти фарҳангиён пас аз чанде бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон Қасри фарҳанги зебо ва замонавӣ бунёд гардиду шароитҳои кори санъаткорон низ ба куллӣ беҳбуд ёфтанд. Муҳайё кунун ҳамчун роҳбари гурӯҳи фолклорӣ ба фаъолият пардохт. Дар ҷараёни фаъолият аз устодони санъат асрор ва нозукиҳои сарояндагӣ ва рақсро омӯхта, ҳамчун санъаткори боистеъдод ва соҳибтаҷриба камол ёфт. Шогирдони зиёдаш дар ҷодаи санъатварӣ аз маҳорату малакаи устоди ҷавони ҷӯяндаву эҷодкори хеш баҳравар гардиданд.

М.Давлаталиева ҳамчунин дар намоишҳои зиёди театри халқии ноҳия нақшҳои асосиро офарида, ҳунари бозигариаш мавриди истиқболи гарми мухлисону баҳои баланди ҳакамон гардид. Мухлисон ӯро гоҳе дар саҳна дар нақши бонуе дидаанд, ки агарчанде молу сарват надошт, вале бо вафодорӣ ва ҳунар зиндагии хонаводаашро зару зевар бахшиду оилаашро хушбахт гардонд. Гоҳе нақши занеро бозӣ кард, ки ба хотири молу сарват хушбахтии оилавиашро аз даст додааст, вале дар иҷрои ҳардуи ин нақш ва нақшҳои дигар муваффақ ва чеҳраи писандидаи тамошогарон шуд.

Баъди таъин гардидани М.Давлаталиева ба симати роҳбари мактаби санъати ноҳияи Рӯшон ба номи Наргис Бандишоева дастовардҳои мактаб боз ҳам таҳким ёфтанд. Айни ҳол дар шаҳраки Вомар ва деҳоти ноҳия 13 ҳуҷраи омӯзиши ҳунарҳои гуногун ба мисли рассомӣ, рақс, драма, навозандагӣ ва сарояндагӣ дар хидмати хурдсолони боистеъдод қарор доранд.

Соли 2022 дар озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дастпарварони мактаб якбора дар се номинатсия ҷойҳои якум, дувум ва савумро соҳиб шуданд, ки ин муваффақият шогирдону устодони мактабро болида сохт.

Тобистони соли гузашта зимни сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат низ берун намонданд. Бо дастури Пешвои миллат навозандаи хушсалиқаи сетор Ориён Сафариев барои идомаи омӯзишу такмили ҳунари навозандагӣ ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон тавсия шуд ва ӯ ният дорад имсол дар ин боргоҳи ҳунар таҳсилро идома бахшад. Ширкат дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар, дар шаҳри Душанбе ба устодону хонандагони мактаб болу пар бахшид.

Ноҳияи Рӯшон бо сокинони санъатвару ҳунармандаш маълуму машҳур аст. Нахустин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аз байни бонувон сароянда ва навозандаи хушадову хушсадо Моҳҷон Назаршоева зодаву парвардаи ин диёр аст. Ҳукумати давр барои эҳё ва рушди санъату ҳунармандӣ дар мамлакат нақши сазовор дорад. Роҳбари мактаби санъат тасмим дорад, «Ансамбли бачагонаи Помир»-ро, ки моҳи апрели соли 1941 дар ҳайати иштирокдорони Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Москва фарҳанги халқи тоҷикро муаррифӣ намуда буданд, аз нав эҳё намояд.

- Дар навбати аввал гурӯҳи рубобчидухатаронро созмон дода, мақсад гузоштем ва аллакай ҳашт духтарбачаи болаёқатро омода намуда, мехоҳем шумораи навозандагонро то ба 20 расонему бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ дар ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ширкат варзем, - меафзояд Муҳайёбону.

Хушоянд аст, ки бо назардошти дастовардҳои мактаби санъат мақомоти маҳаллӣ бунёди бинои наву замонавии муассисаро ба нақша гирифтааст.

Муҳайё ҳамчунин сарояндаи хушовоз ва ситораи барномаҳои фарҳангии ноҳия аст. Дар сурудҳои баландмазмуну пурмуҳтавояш баҳору Наврӯз, Ватан, Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва ишқу муҳаббат ба зиндагӣ - ин арзишҳои волоро васф ва тараннум мекунад. Ба бовари Муҳайё осмони софу беғубори ҳаёти созандагӣ аз бузургтарин дастоварди даврони Истиқлол беҳтарин туҳфа барои сокинони кишвар буда, дар ҳифзи онҳо ҳам масъулияти баробар доранд.

М. ШОҲҶАМОЛ,

ноҳияи Рӯшон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон