Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Алихон - суханваре аз Доғистон
Фарҳанг / Аз ҳар боб Рӯнамойии як китоби ҳамкори собиқам натанҳо маро, балки аҳли толорро бовар кунонд, ки навиштаҳояш тоҷикона ва ҳам омиёнаю ҷаззобу дилнавозанд. Ба тарзе дигар ӯ андешаҳои худро шоирона меофарад, ки дар он ҳам сӯз асту ҳам соз.
Доғистон - деҳаи ободу зебое дар канори дашти Тегарай, поёнтари кӯҳи сарбафалаккашидаи Эмоммаскара қомат рост карда, ки мансуб ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст. Алихон Зарифӣ, ки дирӯз китоби нави худро бо номи «Вақте ки офтоб тулӯъ мекард», дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ намуд, зодаи ҳамин деҳа аст. Бале, Доғистоне, ки хунёгари бузург, фалаксарои зиндаёд Давлатманди Холро ҳам ба бори дунё оварда буд.
Китоби нави Алихон навиштаҳои ӯро дар солҳои гуногун дар бар мегирад, аммо муҳиму гуворо он буд, ки бо даргузашти солҳои тулонӣ он ҳама моҳияти худро гум накардаанд. Тавре Шаҳбоз Кабиров, олим ва муҳаққиқи тоҷик дар андешаҳош зикр намуд, навиштаҳои Алихон Зарифӣ аз дилу дида аст, заминӣ, самимӣ ва омиёна менависаду дар баёни ӯ ҳам соз мушоҳида мешавад ва ҳам соз. Ӯ аксаран инсонҳои наҷибу хоксор, донишманду соҳибфарҳангро ёфта, онҳоро ҳамчун инсони комил муаррифӣ мекунад.
Як нафар аз ҳамкоронаш аз кормандони радио, ки умри бештари Алихон дар ҳамин соҳа сипарӣ шудааст, баён дошт, ки мавсуф чун дигар фарзандони содиқи ватан ва гунае аз қаламкашони фидоӣ ғами миллати хешро бар дӯш дорад ва ин аст, ки ӯ бисёр тоҷикона менигорад.
Ба ростӣ саргарми баҳои мунаққидону тавсифҳои некашон дар ҳаққи акаи Алихон исми зиёди онҳоро навишта накардам, аммо баҳои ҳар кадом дар хаёлам нақш баст, ки воқеан ин бачаи дар хокраҳаҳои Доғистон ба камол расида, нафари андак не, балки суханвари хубу наққоши суханҳои зебост, чун шоироне, ки каломи мавзун меофаранд. Бале, яке аз аҳли адаб ӯро ситоиш намуд, ки:
Ту шоирӣ, чу шоирон хаёлӣ бинамат басе…
Аммо бузургтар аз ҳама ёдоварии яке аз ҳаммактабиёни Алихон Зарифӣ буд, ки дар Доғистон, дар як мактаб таҳсил доштанду ин нафар соле поёнтар аз ӯ мехонд. Ӯ гуфт, ки : «Алихон замони мактабӣ аз дигар ҳамсолонаш бо баёни андешаву вусъати тасаввур солҳо фарқ карда меистод, қобилияти хуби дарк намудани муаммоҳоро дошт, зарофатгўйи хуб ҳам буд. Агар ӯ имрӯз нависанда ё журналист ҳам намебуд, дилхоҳ самтеро интихоб мекард, муваффақ мегашт, чун ӯ болои худ ҳамеша кор мекард. Вале муҳимтар барои ман он аст, ки Алихон он чизеро менависад, он касеро меситояд, ки ҳеҷ гоҷ аз он навишта пушаймон намешавад. Зеро қаҳрамони интихобкардаи ӯ ҳамеша инсонҳои тозаву озода ва ҷонибдори ҳақиқату адолат ҳастанд. Ў разолатро писанд надорад ва дар ин боб ҳарфе ҳам нагуфта».
Дигар аз ин зиёд чӣ ҳам метавон гуфт, ки дар ҳақиқат Алихон Зарифӣ намунае аз журналистони хуби тоҷик буда, метавонад, на ба он ки ӯ аъзои ин Иттифоқ ё ҷоизадори Лоҳутӣ балки бо он ки доди суханро дар ин росто дода. Агар чунин намебуд, як нишасти пур аз аҳли адаб ба хоксорию фурӯтании Алихон Зарифӣ, ки чун навиштаҳош орӣ аз чоплусию тамаллуқкорӣ аст, тан намедоданду ӯро ин қадар воқеӣ намесутуданд.
Рустами Назир
Мубодила:
Шарҳҳо
