Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз дили кӯҳҳои баланд
Фарҳанг / Аз ҳар бобҲанӯз аз шаҳри Душанбе азми дидани зодгоҳи шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғралро дар сар доштем. Мувофиқ бо нақшаҳои эҷодӣ корро аз ноҳияи Айнӣ оғоз намуда, суҳбату вохӯриҳоро пеш аз шом анҷом додем. Офтоб ҳам паси кӯҳҳои сарбафалаккашида ноаён мешуд. Меандешидем, ки орзуи дидори деҳаи Зосун дар диламон ормонӣ мешавад.
Хушбахтона, муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода ба мо тамос гирифту хабар дод, ки якҷоя ба деҳаи Зосун меравем. Роҳораҳ ба чашм мерасид, ки бо фаро расидани торикӣ ҳам мардум дар ҳавои форами деҳа заҳмати замин мекашанд. Ронанда мошинро дар шафати Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрал қарор дод…
Оромгоҳ аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар зодгоҳи шоир, деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ, навсозӣ шудааст. Маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвоне бо усули меъмории миллӣ иборат буда, бо кошинҳо, гаҷкориву кандакорӣ оро ёфтааст. Муҷассамаи шоирро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев дар ҳақиқат зебо офаридааст.
Рӯ ба рӯи Маҷмаа манзили истиқоматии шоир воқеъ аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамчун хона-музей азнавсозӣ шудааст. Дар ин ҷо сарулибос ва дигар ашёи рӯзгори ҳифзшудаи Нақибхон Туғрал осорхонаи зиндаеро барои сокинон ва сайёҳони хориҷӣ мемонад.
Мирзо Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти классикии тоҷикву форс аст. Осори гаронмояву дилошӯбаш ҳанӯз дар замони зиндагиаш торҳои дили ҳассоси мухлисону ҳаводоронашро тасхир намуда буд, ки имрӯз низ номаш дар ҳамин пояи ифтихор қарор дорад. Ӯро гӯҳарсанҷу суханвари номии охири қарни XIX ва ибтидои асри XX медонанд. Ашъори ширину шаккарини шоир мисли чашмаҳои мусаффои зодгоҳаш равону ҷонбахш, чун насими кӯҳсорони ноҳияи Айнӣ рӯҳафзост.
Овони кӯдакию наврасии шоир дар зодгоҳаш сипарӣ гашта, хатту саводи аввалияро аз падару модар ва фозилони деҳааш гирифтааст. Вай ҳанӯз дар синни панҷсолагӣ хондану навиштанро тавассути модари азизаш, ки бонуи таълимгирифта ва бомаърифат буд, аз бар намуд. Модари маҳбуб барои саводнок шудани фарзандон ҳар чи аз илму дониш ва ҳикмату маърифат андӯхта буд, меомӯзонд ва талош дошт, то фарзандонаш солеҳу накӯсиришт ба камол расанд.
Нақибхон ҳанӯз аз айёми ҷавониаш хислату хусусиятҳои фардии хосе пайдо карда, бо ҳозирҷавобию мулоҳизакорӣ, ҳазлу зиндадилӣ, ҷасурию фарохдастиаш маҳбуби хосу ом гашта буд. Аксаран вақташро сарфи мутолааи девони шуарои классик намуда, аз ҳама бештар ба ғазалиёти сеҳрангезу мафтункунандаи Мирзо Абдулқодири Бедил шефтаву воло мешуд.
Туғрал дар мактаби Мирзо Абдулқодири Бедил ба ҳадде муваффақ гардида буд, ки ҳамзамононаш ӯро ҳамчун «Бедили сонӣ» ном мебурдаанд…
18-уми октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯйи пайкараи Нақибхон Туғрал Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии ин шоири маъруфи тоҷикро, ки ба ифтихори 150-солагии ӯ бунёд шуда буд, ифтитоҳ намуд. Дар ин чорабинӣ гурӯҳи калони аҳли илму адаб, фарҳанг ва абераи шоир Мавлуда Ҳамроева иштирок доштанд…
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи шоир чунин нигошта буданд: «Туғрал ҳамчун вориси арзандаи яке аз пешвоёни бузурги тариқати нақшбандия — Хоҷа Аҳрори Валӣ тавассути ашъору афкори пурмуҳтавои худ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум саҳми арзишманд гузоштааст».
Муҳаққиқи эронӣ Зиёуддин Туробӣ бархе аз масоили ашъори Наќибхон Туғралро баррасӣ намуда, он ҷо ӯро аз «табори Ҳофиз ва Бедил» номидааст. Шеъри Туғралро пуле маънидод кардааст, ки адабиёти гузаштаҳои ғаниву рангини моро ба адабиёти имрӯз пайванд мекунад.
Хушбахтона, пажӯҳишгарони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз пайдо кардани нусхаи ягонаи дастнависи «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, шоири маъруфи охири асри XIX – аввали асри XX хабар дода буданд, ки дар оғози соли 2023 чандин нусхаи хаттии нодир, аз ҷумла дастнависи нусхаи хаттии «Девон»-и Наќибхон Туғрали Аҳрориро пайдо ва ташхиси аввалӣ карда, онро вориди «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ ба номи академик А.Мирзоев»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намудаанд…
Дидори мо аз ин Маҷмааи таърихӣ ва суҳбат бо абераи шоир Мавлуда Ҳамроева басо хотирмон поён ёфт. Ӯ дар бораи бобои шоираш қисса мегуфту рӯзгори шоир пеши чашми мо чун навори кино ҷилвагар мешуд…
Фарзона ВОСЕЕВА,
Душанбе – Айнӣ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
