БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Китобдор

Фарҳанг / Аз ҳар боб

Муруре ба рӯзгори Нигина Давлатова — китобдоре, ки тайи 40 сол дар соҳаи китобдорӣ фаъолият намудаву бо обрӯву иззат ба синни бознишастагӣ расид

Китобхона макони муқаддас аст ва дар ин маъво аксаран шахсони донишманд фаъолият мебаранд. Яке аз чунин нафароне, ки дар ин боргоҳ солҳои тулонӣ кор кардааст, сармутахассиси шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Нигина Давлатова мебошад.

Тамкину таҳаммулпазирӣ, одоби баланди касбӣ, забони ширин ва муоширати касбии Нигина Давлатова буд, ки 40 сол дар китобхона фаъолият карда, миёни доираи ҳамкорону ҳампешагон, муштариёну корафтодагон ва, умуман, ташрифоварандагони Муассиса соҳибэҳтиром гардидааст.

 

Нигина Давлатова соли 1983 мактаби миёнаи рақами 15-уми шаҳри Душанберо хатм намуд. Сипас, ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳуҷҷат супурд, аммо сарнавишт барояш нақшаи дигареро дошт. Аз имтиҳони сеюм нагузашт... Маъюсу навмед нашуда, курси шашмоҳаи котиба-машинисткаро хатм намуд. Тасодуфан, ҳамсояашон, ки дар Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маъмури корҳои кадрӣ буд, ба падару модараш гуфт: «Духтаратонро дар китобхона ба кор қабул мекунам». Ҳамин тавр қисматаш ба китобхона пайванд хӯрд. Дар шуъбаи библиографияи миллӣ корро оғоз кард. Вазифааш аз чоп кардани барга иборат буд.

Дар он боргоҳи илму дониш 4 солу 2 моҳ кор кард, ки падараш ӯро ба коргоҳи худаш ба сифати мошиннавис (котиби чопгар) ба кор гирифт, аммо баъди 8 моҳ тарки коргоҳи падар кард. Нигина Давлатова мехост дар муҳите бошаду кор кунад, ки ба дилаш нишинад. Бозгашт ба китобхонаи худ. Аз соли 1988 то 1994 дар шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо кор кард. Аз соли 1994 ба шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён гузашт. Издивоҷ кард ва корро дар китобхона давом дод.

Соли 2000-ум ба бахши ғоибонаи факултети китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 2005 онро хатм кард.

– Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба номаш маош медоданд. Бо вуҷуди ин, ҳар рӯз ба кор мерафтем, ки китобхонаро нигоҳ дорему ба наслҳои баъдӣ комил бирасонем. Аз маҳаллаи 46-уми пойтахт то Китобхонаи ҷумҳуриявӣ пиёда ба кор меомадам. Зиндагӣ душвор буд, маоши ночиз ба зиндагӣ намерасид. Ҳоло шароит сад дарсад беҳтар гаштааст. Компютеру дигар воситаҳои муосири техникӣ дар хизмати китобдоронанд. Ба рӯзҳои нек расидем, – мегӯяд бонуи китобдор.

Ӯ сипосгузор аз он аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат чунин китобхонаи бошукӯҳеро ҳадия намудаанд, то мардум илм омӯзанду сатҳи маърифаташонро баланд бардоранд.

Нигина Давлатова зани орому пурсабр ва дурандеш аст. Бо муштариёну истифодабарандагони китобхона низ дар сатҳи баланди касбию инсонӣ муносибат мекунад…

Чун Китобхонаи миллӣ таъсис ёфт, ба сифати сармутахассис корро идома дода, ба хонандагони сершумор хидмат расонд. Ҳамроҳи дигар кормандон китобҳои аз аҳолӣ гирдовардашударо ҷудо ва ҷо ба ҷо мекарданду ба Китобхонаи миллӣ мекашонданд. Он замон атрофи китобхонаи навбунёд сангзору ноҳамвор буд, ӯ бо ҳамкоронаш дар ҳамвору тозаву озода кардани замини атрофи китобхона, шинондани дарахту гулзор кардани гирди он саҳми арзанда гузоштааст.

Шоёни зикр аст, ки Нигинабону тӯли солҳои фаъолият дар соҳаи китобдорӣ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.

Хизматҳои китобдори пуртаҷриба бо сипоснома, «Китобдори сол» ва нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2022) қадр шудаанд.


Раҳима АЪЗАМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_07_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон