Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
КУЛОЛ
ФарҳангБаробари ворид шудан ба устохонаи кулол Фозил Носиров дили касро фараҳе аз зебоиву ҷаззобияти маҳсули дасти ҳунарманд фаро мегирад. Маҳсули эҷоду эъҷози ин санъаткор рангорангу диданӣ буда, кас ба андеша меравад, ки инсон аз хок кӯзаю гулдон, косаву табақ ва садҳо армуғонҳои дигар, яке аз дигаре зеботару дилработар бо амри хоҳиш меофарад. Бинанда соатҳо ғарқи тамошои дастони зебоиофари ҳунарвар гашта, намехоҳад аз коргоҳи кулол берун ояд.
Феълан, имрӯзҳо кулолӣ хеле кам ба назар мерасад. Хурсандибахш аст, ки ӯ бо дуои устод Ашӯралӣ Ёдгоров ва дигар ҳунармадон тавонистааст чароғи ҳунари кулолиро фурӯзон нигоҳ дорад. Дар хонаи аз падар меросмонда бо шукру сипос ин ҳунарро бо аҳли оила ривоҷ медиҳад. Маҳсули ҳунари онҳо - заҳматҳои чандинсолаи шабонарӯзӣ ба дилу дидаҳои мардум роҳ ёфтаанд. Ба онҳо муяссар гашт, ки дастранҷи хешро на танҳо пешкаши меҳмонони дохилӣ, балки хориҷӣ низ гардонанд.
Сарвари хонадон Фозил Носиров аз соли 2013 дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Турсунзода ва дар мактаби санъати ноҳияи Шаҳринав ин ҳунарро ба наврасон ёд медиҳад. Бо қаноатмандӣ аз имтиёзҳои ба ҳунармандон ва ҳунарҳои мардумӣ фароҳам овардаи Ҳукумати мамлакат Фозил Носиров тасмим гирифт, ки коргоҳашро дар манзили зисташ бунёд созад.
Аз сабабе, ки устохона дар манзили мо ҷойгир аст, барои рушди ин ҳунар фурсати бештар пайдо менамоем. Шахс бе масрафи барзиёд – хароҷоти роҳ ва сарфаи вақт метавонад вақти бештарро ин ҷо гузаронда, фаъолиятро пурбаракат намояд, - мегӯяд устои моҳир.
То имрӯз дар ин ҷода даҳҳо шогирдонро тарбия намудаву ба онҳо ин санъати қадимаро омӯзондааст. Ба шогирдон ва ҷигарбандон тавсия медиҳад, то дар оянда ба омӯхтани нозукиҳои касбашон бодиққат бошанду ба ин васила ҳунари асил - муқаддасоти ниёгонро ҳифз намоянд. Теъдоди зиёди шогирдони усто имрӯзҳо паҳлуи ӯ дар офаридану ородиҳии маҳсулоти кулолӣ, хосса армуғонҳо ёрӣ мерасонанд.
Ҳамин як мушти хоке, ки аз деҳаи Қаратоғ меорем, табдил ба ҳунар мегардаду барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ армуғонҳои ҷолиб. Бесабаб набуд, ки солҳои қабл ин макони таърихиро ҳамчун диёри ҳунармандони овозадору маъруф мешинохтанд. Ба хотири гиромӣ доштани анъанаҳои неки ҳунарварӣ, хосса ҳунарҳои дастӣ кӯшиш менамоем, ҳунари кулолиро равнақ бубахшем, - иброз медорад усто Фозил.
Фарзандонаш, ки аз пушти пешаи падарӣ ризқу рӯзӣ меёбанд, санъати кулолӣ ва нозукиҳои онро кайҳо боз азхуд кардаанд. Духтаронаш Фарзона ва Ҷаҳоноро идомабахши касби падаранд. Завқи баланд ва тахайюлоти бою рангини онҳо касро ба ҳайрат мегузорад. Ба хотири тавсеа бахшидани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳринав курсҳои кӯтоҳмуддат роҳандозӣ гардидааст.
Фарзона Носирова, фарзанди содиқ ба касби падарӣ ба хоҳишмандон нозукиҳои ин касбро меомӯзонад. Ӯ изҳор менамояд, ки бо рушду эҳёи ҳунарҳои қадимаи ниёгон метавон сатҳи бекорию камбизоатиро дар байни аҳолӣ бамаротиб коҳиш дод. Ба гуфти ӯ, агар тамоми хонаводаҳои деҳот рӯ ба ҳунарҳои дастӣ оранд, аз ин ҳисоб метавонанд ризқу рӯзии хубе пайдо намоянд. Фарзона иқрор меояд, ки кулолиро бениҳоят дӯст медорад ва меболад, ки маҳсули эъҷози дастони хонаводаи онҳо гӯшае аз манзили хориҷиёнро зеб медиҳанд. Шефтаи кор, ба ин ҳунар бо шавқи хосса мепардозад. Мекӯшад, ки ёдгориҳои қадимии санъати кулолиро тавассути офаридаҳояшон эҳё намуда, тамоми зебоии онҳоро таҷассум созанд.
Дар армуғонҳои худ бештар нақши адрасу чаканро истифода мебарем. Ба мазмуни он нақшҳои зебо, ки тули асрҳо фарҳанги моро зебоӣ бахшидаанд, диққати махсус медиҳем. Борҳо мушоҳида кардаем, ки нақшу нигори миллӣ дар маҳсулоти кулолӣ ба харидорон басо писанд аст, - мегӯяд Фарзонабону.
Мавсуф иброз менамояд, ки дар аввал нақшаи эҷод дар зеҳни ҳунарманд пайдо мешавад, ки баъд онро рӯи қоғаз меоранд. Сипас, ба офаридани шакли армуғон шуруъ намуда онро қолаб мегиранд. Бо гаҷ қолаб гирифта, онро хушк месозанд. Пас аз хушк шудан онро бо лой ба қолаб мерезанд. Баъдан коркард ва дар хушксозак хушк карда, бо обу пораи матоъ шаффофсозӣ мегардад. Баъди омода шудани маҳсулот бори дигар онро хушконда, дар оташдон мегузоранд, то ҳадди зарурӣ пазад. Сипас маҳсулот бо ҳар чизе, ки барои ороиши рангҳои обӣ мансуб аст, оро дода мешавад.
Дар радифи меҳмонони дохилӣ сайёҳони хориҷӣ низ зиёд аз устохонаи онҳо дидан мекунанд. Ба хоҳишмандон иҷозат медиҳанд, ки бо дастони худ рӯи чарх аз гили омодашуда дилхоҳ ашёро созанд. Онҳо бо завқу ҳаваси беандоза ба ин кор машғул шуда, аз дастони гилолудаи худ завқ мебаранд. Маҳсулоти сохтаи меҳмононро устоҳои гулдаст то ҳадди ниҳоӣ коркард ва барояшон туҳфа медиҳанд.
Ҳар як меҳмон аз манзили онҳо ризову қаноатманд ва бо таассуроти наҷиб берун меояд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ ба ҳунармандон имкон фароҳам овард, ки тавассути чорабиниҳои оммавӣ ва намоишгоҳҳо маҳсулоти худро муаррифӣ созанд. Ин хонавода низ дар доираи барномаҳои гуногун борҳо молу маҳсулоти хешро дар хориҷи кишвар ба намоиш баровардаанд.
Соли 2014 дар Фестивали байналмилалии сайёҳӣ ва ҳунармандии «ОЙМО» дар давлати Қирғизистон қарор доштем. Дар ин сафар таваҷҷуҳи хориҷиён бештар ба армуғонҳои хурд буд. Соли 2017 дар чорабинии Мероси Қадимаи Шарҷа, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир шуд, ба муддати 20 рӯз дастранҷҳои хешро ба намоиш гузоштем. Соли 2019 ду маротиба ба давлати Қазоқистон, вилояти Туркистон ва Шимкент, соли 2022 ба давлати Ӯзбекистон дар намоиши байналмилалии фестивали сайёҳӣ ширкат варзидем. Соли 2023 сафари ҳайати Тоҷикистон ба Эрон дар намоишгоҳи Китоби Теҳрон ва моҳи августи соли 2023 дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар вилояти Шимкенти Қазоқистон муаррифгари ҳунар будему аз ҷониби тамошогарон баҳои сазовор гирифтем. Дар оянда ният дорем, ки барои тарабхонаву марказҳои маишӣ кӯзаҳои махсуси шӯрботайёркунӣ таҳия намоем, - мегӯяд меросбари ин оилаи заҳматпеша Фарзона Носирова.
Мадина БАЛАҶОНОВА