Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Китобдори китобдӯст
ФарҳангИн шахси зебо, ки нисбат ба синнаш хело ҷавон ба назар мерасад, маҷбур буд азобҳои зиёди зиндагиро таҳаммул созад. Дар зиндагӣ ва на танҳо…
Чеҳраи шоду хандонашро дида, кас гумон мекард, ки ӯ ҳаргиз дар ҳаёт шикасту рехтеро надидааст.

Вақте аз дардҳо ва ранҷҳо мегӯяд, кас ангушти ҳайрат мегазад.
Орзуи бузургтаринаш табиб шудан буд. Мехост ба маризон сӯзандору занад, набзашон бисанҷад. Аз ин рӯ, ҳуҷҷатҳоашро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурду дар дил аз сарнавишт сипосгузор буд. Дар олами руъёҳоparu бол мезад. Ин орзуҳо мисли хобу хаёл аз байн рафтанд. Бидуни розигиаш ба ҷавоне банд, яъне фотеҳа карданд. Модараш дух- тари кенҷаву ноздонааш Саодатро ба писари дуго- нааш маҷбурӣ ба шавҳар дод. Падараш низ китф дарҳам кашид: «Духтарам, чӣ кор кунам? Модарат мегӯяд».
Ба нақли худаш, нуҳ сол азоби шавҳару таҳқирҳои хушдоманашро таҳаммул кард. Шавҳар бангиву ҳангӣ, масту аласт меомад, дар яке аз чунин рӯзҳои мастӣ писари яксолааш Собирро бо пояш зер карду кушт. Ӯ дигар фарзанд наёфт. Хушдоман хӯроки пухтаашро намехӯрд, ҳаво медод, ту касофатӣ, хӯроки туро хӯрдан ҳаром аст, фарзанд ба дунё оварда наметавонӣ, мегуфт. Пас аз ин ҳама азобҳое, ки дар хонаи хушдоман кашид, аз шавҳар ҷудо шуд.
Ӯ ин ҳамаро хунсардона қиса мекарду ман ҳайрон будам. Шояд он қадар гиристу нолиду ба беҳбуд ёфтани зиндагиаш умед баст, ки билохира ноумед шуду ба тақдир тан дод. Вале ман ором шунида наметавонистам суханҳоашро. Мепурсам чӣ чиз боис шуд, то ин ҳама озору таҳқирро таҳаммул кардӣ? Посухаш кӯтоҳ буд: «Аз гапи мардум метарсидам. Яъне, ин ҳама таҳқиру хушунат, оби дида рехтан ба як гапи мардум меарзад? Чӣ қадар занҳо барои ҳарфи мардум шуда «мурда-мурда» зистанд, яъне чун мурда дар гӯр буданд. Чаро назари ҷомеа ин қадар барои мо муҳим аст? Ҳатто бештар аз худамон ба фикри мардум ҳастем, ки онҳо чӣ мегӯянд?
Дубора шавҳар кард. Саодат Набиева аруси хонадони машҳуру шинохтаи кишвар, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев аст. Вақте ӯ ба ин хонавода қадам гузошт, дар донишгоҳе нахонда буд, дар Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ кор мекард. Дар оилаи наваш ҳама соҳиби маълумоти олӣ буданд, шавҳараш Диловаршо Ҷӯраев ӯро ба донишкадае бурдан хост, роҳбари вақти китобхона тавсия дод, ки дар риштаи китобдорӣ таҳсил намояд.
Ин боис шуд, ки соли 2012, соли бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба риштаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кард. Шавҳари худобиёмурзаш шахси дурандеше будааст, ки фикри ояндаи ӯро карда буд. Ӯ барои ин дурандешӣ ва хидмате, ки аз шавҳари равоншодаш дар ҳаққаш кард, миннатдор аст. Ба шарофати ӯ Саодат Набиева соҳиби кор аст. Ифтихор дорад, ки узви хонаводаи Акашариф Ҷӯраев аст, ҳарчанд ӯро надидааст.
Бо вуҷуди баъзе ноадолатиҳои зиндагӣ, ҳаётдӯсту меҳрубону дилсоф аст. Боре сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои Китобхонаи миллӣ бояд дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ҳозир ме- шуданд. Саодат Набиева пеш аз ҳама ба ҷойи муайяншуда расид. Мегӯянд, ки дар тӯли 32 соли корӣ боре ҳам ба кор дер накардааст. Танҳо як бор, ба сабаби беморӣ, варақаи корношоямӣ гирифтааст. Ҳамеша пайванди кор будааст.
Саодат Набиева қисса мекард: «Се моҳ бе пул кор кардам. Онро семоҳаи санҷишӣ мегуфтанд. Агар дар кор хатое мерафт, ҷазо медоданд. Ба гапи мудир гӯш медодем, иттифоқ будем. Махзани китобхона дар таҳхона буд. 12 корманд дошт. Саҳар меомадем, бегоҳ мерафтем, берунро намедидем. Дархост меомад, иҷро мекардем, яъне китобро пайдо карда дар борбар (лифт) мегузоштем ва борбар онро мебурд. Бегоҳӣ ба шуъбаҳо рафта, китобҳоро ҷамъ меовардем ва дар ҷояшон мегузоштему ҳисобот медодем».
Ҳамин тавр, 27 сол дар шуъбаи нигоҳдории китоб фаъолият кард ва бо хоҳиши худ ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар гузашт. Дар ин шуъба чоруним сол пайи заҳмату талош буд. Пас аз он сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ гардид ва бо талошҳои пайваста онро фаъолу пешрафта гардонд.
Раҳима АЪЗАМ
Мубодила:
Шарҳҳо










