БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ДАР ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ 3 ТОҶИКДУХТАР ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Хабарҳо

   Дар шаҳри Парижи Фаронса XXXIII Бозиҳои олимпиада аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон баргузор хоҳад шуд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.

 

 Дар Бозиҳои олимпии соли 2024 14 варзишгари тоҷик (11 нафар тариқи роҳхати олимпӣ ва 3 нафар аз рӯйи ҷойҳои универсалӣ), аз рӯйи 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук ширкат меварзанд. Аз ин шумора се нафар бонувони тоҷик бо матонату далерӣ ва дастовардҳои назарраси худ дар риштаҳои гуногуни варзиш  ҳаққи иштирок дар олимпиадаро пайдо кардаанд.

 

    Дар риштаи бокс Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг, дар навъи таеквондо – Мунира Абдусаломова дар вазни беш аз +67 кг ва дар шиноварӣ Екатерина Бордачева қувваозмоӣ менамоянд.

Умедворем, ки парчамбардорони Ватан пирӯзу сарафроз бо медалу ҷоизаҳо ба кишвар бармегарданд.

Манбаъ: https://varzishtv.tj/tj/news/bozi-oi-olimp-to-ikistonro-dar-parizh                       

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон