Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Зимчурӯд» боз 250 хонанда сарфарбар гаштанд
Хабарҳо23 июли соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур 250 нафар хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба басти 4-уми Истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Зимчурӯди»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.
Дар фароғатгоҳ кӯдакони синни 7-14-сола ҳуқуқи истироҳат карданро дошта, бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос мегарданд ва дар сайругашт, маҳфилҳои гуногуни эҷодӣ, забономӯзӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ширкат меварзанд. Будубоши хонандагон дар истироҳатгоҳ аз 23 июл то 3 август идома ёфта, дар он шароитҳои хуби зист муҳайё мебошад, ки чор вақт онҳо бо ғизо таъмин мегарданд.