Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ДТТ: Дастовардҳои устодону донишҷӯён Назаррасанд
ХабарҳоДар шашмоҳаи аввали соли 2024 устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар радифи таълифи мақолаҳо чун маводи конфронсу маҷаллаҳои илмии донишгоҳӣ, ки 600 ададро ташкил медиҳанд, дар нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Scopus, Web of Sciens ва ба монанди инҳо 45 адад мақолаҳои олимони Донишгоҳ ба нашр расидаанд.
Дар ин бора, ректори Донишгоҳ Қудрат Давлатзода зимни нишастӣ хабарӣ, ки санаи 24 августи соли равон баргузор шуд, ба намояндагони ВАО хабар дод. Қайд гардид, ки дар доираи имкониятҳои Донишгоҳ дастовардҳои байналмилаии устодон бо мукофотҳо қадр карда мешавад.
Тибқи рейтинги нави Шурои Миллии Таҳқиқотии Испания (CSIS), ки моҳи январи соли 2024 нашр шуд, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар мақоми аввал пазируфта шуда, дар шумори зиёда аз 31000 донишгоҳу донишкадаҳои арсаи ҷаҳон дар зинаи 5415 қарор гирифтааст, ки нисбат ба соли гузашта 101 зина болотар аст.