Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ДДТТ БА ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИНИ ДОНИШГОҲҲОИ КИШВАР ШОМИЛ ШУД
ХабарҳоДар соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳи Давлатии тиҷоратии Тоҷикистон тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор гирифт.
Барои ноил шудан ба ин дастовард фаъолияти илмӣ ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам гузошт. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 олимону омӯзгорони Донишгоҳ аз рӯйи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъҳо корҳои илмию таҳқиқотӣ анҷом доданд.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Назарзода Хайрулло Холназар дар нишасти матбуотӣ, ки санаи 25 июли соли равон баргузор шуд, иттилоъ дод, ки дар давоми 6 моҳ 7 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаи номзадӣ, 1 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафар пешдифои рисолаи номзадиро гузаштаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намудаанд, пас аз гирифтани дипломи тасдиқкунанда аз тарафи раёсати донишгоҳ бо мукофотҳои пулӣ қадр карда мешаванд.