Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Вазорати маориф ва илм:Мушкилиҳо зина ба зина ҳалли худро меёбанд
ХабарҳоДар нимсолаи якуми соли 2024 норасоии 2670 омӯзгор ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Раҳим Саидзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Номбурда қайд намуд, ки ин мушкилӣ на танҳо Тоҷикистон, балки соҳаи маорифи тамоми кишварҳои дунёро норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти муаллимони ғайриихтисос фаро гирифтааст. Вазорат тасмим дорад, ки ин норасоиро аз ҳисоби ҷавононе, ки бо ихтисоси омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омӯзгории ҷумҳуриро хатм намудаанд, бартараф намоянд.
Раҳим Саидзода дар самти дастгирии бонувон иброз дошт, ки таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳӯрӣ, ҷалби бештари занону духтарон ба таҳсилоти касбӣ ва иловагӣ яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф мебошад. Маркази таълимии занон «Сарвар» барои духтароне, ки тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардиданд, тавассути таҳсилоти иловагӣ барои гирифтани донишҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба рушди малакаи роҳбарӣ, хусусиятҳои сарварӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Бояд гуфт, ки онҳо ҳамчун занони сарвар дар рӯйхати кадрҳои захиравӣ пешниҳод гардиданд.