Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хатлон: Грантҳои раиси вилоят барои дастгирии бонувони соҳибкор ду баробар зиёд шуд
ХабарҳоБо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории бонувони вилоят дар қиёс ба солҳои пешин ҳаҷми маблағи грантҳои раиси вилояти Хатлон ду баробар зиёд карда шудааст. Дар ин бора Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ 9 августи сори равон бо намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Қаблан ҷиҳати дастгирии соҳибкорзанони вилояти Хатлон ҳамасола 21 гранти раиси вилоят бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардид. Ҳамакнун, дар соли ҷорӣ барои 30 нафар ғолибони гранти раиси вилоят 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки аз ин барои ду лоиҳаи тиҷоратӣ грант дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ, 6 грант дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 22 грант дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ маблағҳо пешбинӣ шудааст. Бонувони соҳибкори вилояти Хатлон бо пешниҳоди лоиҳаҳои тиҷоратӣ метавонанд бо дарёфти аз 15 то 25 ҳазор сомонӣ лоиҳаҳои тиҷоратии худро амалӣ намоянд.