БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Прокуратураи генералӣ: 2, 5 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор шуд

Хабарҳо

 Давоми шаш моҳи аввали соли 2024 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 4 412 санҷиш гузаронида шуда, 2 535 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 41 300 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуданд. Ҳуқуқу манфиатҳои 115 600 нафар барқарор гардид. Дар ин бора  рӯзи 9 августи соли равон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

  Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 670 (124-то нисбат ба мансабдорон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 83 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида ва 2,5 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор шуд.

Маълум гардид, ки 4440 қонунвайронкунии ҳифзи меҳнат ошкор ва 70 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 2700 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуданд. Бо дахолати прокуророн 142 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт карда шуд.

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон