БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Суди Олӣ: 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба танзим ошкор шуд

Хабарҳо

Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби Суди Олӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 94303 парванда ва дархосту пешниҳодот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ин шумора  6811 ададро парвандаҳои маданӣ, 21332 парвандаҳои оилавӣ, 48931 парвандаҳои маъмурӣ, 4416 ададро дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 3096 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд. Дар ин бора Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 8 –уми августи соли равон баргузор гардид, хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 885 шахс баррасӣ шуда, аз онҳо ба 877 шахс ба маблағи умумии 6079  473 сомонӣ ҷарима татбиқ карда, 8 парванда қатъ карда шудаст.

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон