БОЙГОНӢ
« Июл 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Э Ъ Л О Н
ХабарҳоФестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 гузаронида шуда, мавод тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то охири моҳи октябр қабул карда мешавад.
Мавод ба фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3–5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми то 15 дақиқа ирсол карда шавад.
Фестивал - озмуни «Вассофи Ватан» дар чор номинатсия - «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ» гузаронида мешавад.
Ба ғолибони ҷойи якум 7 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 000 ва ҷойи сеюм 3 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегардад.
Телефонҳо барои тамос: 888–08–34–04, 238–54–23
Мубодила:
Шарҳҳо
