Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Вазорати Фарҳанг: "Манфиати миллӣ болотар бошад"
ХабарҳоСанаи 6 - уми декабри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинар-машварат дар мавзуи "Риояи ҳуқуқи инсон" доир гашт, ки дар қисмати аввали он масъулин дар хусуси дастовардҳои соҳаи табъу нашри кишвар маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Қайд гардид, ки дар кишвар имрӯз 6 оҷонсии иттилоотӣ, 200 рӯзнома ва 134 маҷаллаҳои давлативу хусусӣ амал мекунанд. Нашр ва тақдими китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ва "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсӣ падидаи тоза ва хушоянди фарҳангӣ арзёбӣ гардид.Зимни суханронӣ муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод қайд кард, ки дар ҳама ҳолат журналистон дар шароити кунунии сайёра, вазъи ноороми ҷаҳони муосир бояд аз манфиатҳои милливу давлатӣ ҳимоя бикунанд.
Кори Семинар-машварат дар бинои Вазорати Фарҳанг идома дорад ва дар ҷараёни он ироаи маърузаҳо аз ҷониби коршиносон ва музокираву натиҷагирии онҳо дар назар аст.
Гулноза Бобомуродова,
"Бонувони Тоҷикистон"