БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ба коррупсия "не!" гуем!

Хабарҳо

Санаи 6-уми декабр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии зидди фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия" баргузор шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни суханрониаш таъкид дошт, ки коррупсия имрӯз ба мушкили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар бартарафсозиаш аз хурд то бузург масъулият доранд.

 Рафтори коррупсионӣ дар ҳар шакл ҷиноят аст, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад, зикр намуд Муҳиба Маҳмадҷонова, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Оҷонсии зидди фассоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ бо маърузаи муфассал баромад намуда, дар хусуси пайдоиши коррупсия ва тарзи шакливазкуниаш дар замони муосир маълумот дод. Мавсуф қайд  кард, ки занон дар муқовимат ба коррупсия ҷойгоҳи хос доранд. "Вақте тавонистем ба амалҳои коррупсионӣ муқовимат намуда, бо иродаи қавӣ ба содиршавиаш "не!" бигӯем, аллакай қадаме  барои маҳвашгузоштаем", - таъкид дошт Нигора Муқимӣ.

Гулноза Бобомуродова,

"Бонувони Тоҷикистон".

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон