Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ғолибони озмунҳо муайян шуданд
ХабарҳоБо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид.
Фирӯза Нуруллозода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ маросими баргузории даври ниҳоии озмунҳои мазкурро ифтитоҳ намуд. Гуфта шуд, ки ташкил ва баргузор намудани ин озмунҳои маърифатӣ барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳми ҳамсарон дар нигоҳ доштани фазои солими оила ва тарбияи дурусти фарзандон, ҳамчунин нақши арзишманди оила дар ободонии маҳали зист ва эътибори хонаводаҳо мусоидат менамояд.
Озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» дар ҷараёни амалишавии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 роҳандозӣ гардида, бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ равона шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар даври ниҳоии озмунҳои ҷамъбастгардида роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ғолибони озмунҳо аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзиданд. Дар ҷараёни маросим ғолибон бо Шоҳҷоиза, диплом ва сипосномаҳо, инчунин мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии Кумита сарфароз гардонда шуданд.