БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тоҷикистон: Пешниҳоди ворид намудани бозии норд ба феҳристи Мероси ҷаҳонии Юнеско

Хабарҳо

  Санаи 27 январи соли 2025 дар Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Зимни нишаст вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Маллубахон Сатторӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳоди ворид намудани бозии нордро ба Мероси фарҳангии ЮНЕСКО ироа кардаанд. Дар идомаи мавзуъ зикр гардид, ки дар соли 2024 Иди Меҳргон ва санъати сохтану навохтани рубоб ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид шуд.

Вазири фарҳанг дар хусуси сохтмони Театри миллӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша идома дорад ва он дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чун иншооти муҳими ҷашнӣ ба истифода дода мешавад. Театри миллӣ калонтарин театр дар байни давлатҳом ИДМ хоҳад буд.

 

 

Гулноза Бобомуродова,

"Бонувони Тоҷикистон"

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 46)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон