Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фаъолияти 14 шабакаи телевизиониву радиои ба расмият дароварда шуд
ХабарҳоСоли 2024 аз ҷониби Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ фаъолияти 14 шабакаи телевизиониву радиои ва студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ба расмият дароварда шуд, ки аз ин миқдор 6 телевизион, 5 радио ва 3 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки айни замон дар мамлакат 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.