БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ваколатдор: 66 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт

Хабарҳо

Бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 66 санади меъёрӣ- ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ин нукта дар нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 27 январ иброз гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Умед Бобозода иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони ниҳоди мазкур дар ҳайати 74 гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба такмили қонунгузории миллӣ ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалисозии онҳо саҳм гузоштанд.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои ин низод бо шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Дафтари барномаҳои САҲА тақвият меёбанд.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 46)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон