Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мақоми аввали рейтинги Давлати Мардумии Чин
Хабарҳо / СлайдерСанаи 28-уми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи ректори донишгоҳ- Аҳлиддин Ибодуллозода дар ДДОТ 89 ихтисос амал карда, сафи донишҷӯёни аълохони муассиса афзудааст. Шумори гирандагони дипломи сурх имсол ба 407 нафар расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рейтинги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2024 ДДОТ ҷои аввалро ишғол намуд ва соли ҷорӣ 30 донишҷӯи чинӣ барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи мазкур ҳуҷҷат супоридаанд. Донишҷӯёни хориҷӣ бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, аз қабили биология, химия, физика, педагогика, психология майл доштаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ барои донишҷӯён панҷ лабараторияи замонавӣ, аз фанни химия, биология, физика, технология сохта ба истифода дода шудааст.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
"Бонувони Тоҷикистон"