Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон таваҷҷуҳ зиёд аст
ХабарҳоДар соли 2024 ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 3805,2 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 3405,9 миллион сомонӣ ё худ 90% маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъ аз ҳаҷми умумии маблағҳои ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон равонагардида 83,8%-и онро фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимоятшаванда ташкил медиҳад. Дар ин давра барои пардохти музди меҳнат 2486 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 602,7 миллион сомонӣ, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 65,6 миллион сомонӣ ва идропулї, кумакпуливу ҷубронпулиҳо 14,3 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Бинобар иттилои Иззатуллозода Ҳабибулло ҳамасола дар буҷетҳои маҳаллӣ барои иштирокчиёни садамаи атомии Чернобил 204 сомонӣ, барои маъюбон, кӯдакони маъюб ва занҳои бесаробонмонда 3900 сомонӣ дар як сол кумакпулиҳои яквақтаина пешбинӣ гардидааст. Инчунин, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои ҳар як нафар гирифтори бемориии вируси норасоии масуният одам дар ҳар семоҳа 504 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2024 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андози нафаќа ва стипендия”, аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба миқдори 408,6 миллин сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шудааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ
вилояти Хатлон