Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ба 56 нафар зарардидагон ба маблағи бещ аз 886 ҳазор сомонӣ кӯмак расонда шуд
ХабарҳоДар соли сипаригашта дар корхонаю объектҳое, ки таҳти назорати Хадамот буданд, 58 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумор 30 нафарашон баҳалокат расиданд. Сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохуш - ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад, - гуфт имрӯз зимни нишасти матбуоти сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Санъат Асо.
Ба иттилои сардори ин хадамот, дар самти сохтмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ таҷҳизоти махсус пешбинӣ шудааст, ки кормандони техникӣ бобати пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд онро риоя намоянд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе кормандон ин қоидаҳоро иҷро намекунанд.
Ҳамчунин, Раҳим Санъат Асо қайд намуд, ки ба 56 зарардида аз ҳисоби иттифоқи касабаи корхона ва шахсони воқеӣ ба маблағи 8862156,0 сомонӣ кӯмаки пулӣ ва молӣ расонда шуд.