БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сафи бонувон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ меафзояд

Хабарҳо

Шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18801 нафар ва синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 36,6-соларо ташкил медиҳад. Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4849 нафар ё 25,8 фоизро ташкил дода, аз 5955 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1146 нафар ё 19,2 фоиз бонувони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 14 нафар афзудааст. Дар ин бора имрӯз Илёс Идрисзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

  Гуфта шуд, ки дар ин давра барои ишғоли 11115 мансаби холии маъмури хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, барои ишғоли 4737 мансаби холӣ бо иштироки 6383 нафар, ки аз ин миён 1560 нафари онҳо бонувонанд, озмун гузаронда шуда, 4173 нафар, аз ин миён 1155 зан барои ишғоли мансабҳои холии маъмури хизмати давлатӣ тавсия дода шудаанд. Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ таъиншуда, ки тибқи Низомнома ба онҳо 3 холи иловагӣ пешбинӣ гардид, 759 нафар буданд, ки аз инҳо 484 нафарашон бонувон мебошанд.

 Тибқи хулосаҳои комиссияи олии аттестатсионӣ соли 2024 аз 657 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон, ки ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, 633 нафари онҳо ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд.

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 54)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон