БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар Академияи идоракунии давлатӣ омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ меафзояд

Хабарҳо / Слайдер

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи докторантура PhD аз рӯйи 20 ихтисос роҳандозӣ гардида, айни ҳол 52 нафар докторант ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора рӯзи 28-уми январи соли равон ректори Академияи мазкур Даврон Сафарзода маълумот дод.

 Номбурда иброз дошт, ки  23 нафари докторантон дар курси 1 таҳсил мекунанд, ки аз ин миён 13 нафарашон бонувонанд. 15 нафари онҳо дар курси 2 (4 нафарашон зан) ва 14 нафар дар курси 3 (3 нафари онҳо зан) таҳсил намуда истодаанд.

        Дар Академия ҳамчунин фаъолияти илмӣ, илмӣ-таҳқиқотии 259 нафар унвонҷӯ дар шакли анъанавӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки аз ин миён 89 нафарашон бонувонанд. Ҳамин тариқ, соли 2024  чор нафар докторантони анъанавӣ рисолаи докторӣ, 10 нафар унвонҷӯён ва 1 нафар доктори илми фалсафа (PhD) рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд.

   Ҳамчунин, дар соли 2024  9 нафар устодон, унвонҷӯён ва докторантони Академия аз назари коршиносони шурои диссертатсионӣ гузашта, ба ҳимоя тавсия дода шудаанд.

 

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 54)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон