БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Кумитаи озуқаворӣ: 8290 кг маҳсулоти гуштӣ безарар гардонда шуд

Хабарҳо

Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти  хабарӣ доир гардид.

Зимни он қайд гардид, ки дар давоми соли гузашта  аз тарафи мутахассисони раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе якҷоя бо кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯй набудан 8290 кг маҳсулоти гӯштӣ аз муомилот бароварда, безарар карда шудааст. 

 

Дар давоми соли 2024 аз тарафи мутахассисони шуъбаи Ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар 7514 намуна 11901 ташхисҳои гуногун,  аз ҷумла 7272 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 1541 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 2997 ташхис барои дарёфти тухми алафҳои бегона ва 91 адад ташхиси гелминтологӣ гузаронида шудааст.

 Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар давлатҳо 275476,4 тонна, аз ҷумла 87453,4 тонна меваи хушк, 98664,2 тонна нахи пахта ва 11139 тонна ришта содирот карда шудааст.

 Дар соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар давлатҳо дар маҷмуъ 2903683 тонна, 7916542 дона ва 751743 м. куб маҳсулоти гуногуни таҳти карантинӣ ворид шуда, ҳамаи он зери назорати доимии мутахассисони Кумита қарор дода шудаанд.

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон