Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Вазорати энергетика: Истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ афзудааст
Хабарҳо / СлайдерСоли 2024 истеҳсоли умумии неруи барқ дар ҷумҳурӣ 22 млрд. 427,7 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 567,2 млн.кВт. соат зиёд аст, қайд гардид зимни нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар соли 2024 ба 1 млн. 302,4 ҳазор Гкал баробар шуд, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 359,2 ҳазор Гкал бештар мебошад.
Барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 530,4 млн. кВт. соат ба маблағи 705,2 млн сомонӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 943,9 млн. кВт. соат ба маблағи 201,2 млн сомонӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон 4 млн. кВт. соат ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ содирот шудааст.
Воридоти гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 млн. метри кубиро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47,1 млн. метри кубӣ зиёд мебошад.