БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон: «Донишҷӯён шароити хуби таҷрибаомӯзӣ доранд …»

Хабарҳо

    Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ҷамъи рӯзноманигорон ва дигар намояндагони Воситаҳои ахбори омма аз Озмоишгоҳи соҳавии илмӣ – таълимии «Гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷро, канал ва майдонҳои обӣ» дар доира лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ, ки  азнавсозӣ карда шуд, дидан намуданд.

 Ба хотири омӯзиши соҳа ва иҷрои корҳои амалӣ бо донишҷӯён аз ҷониби Ташкилоти Каритаси Швейтсария дар Тоҷикистон ба донишгоҳ механизмҳои кишоварзӣ, аз қабили мошинаи ғаллатозакунӣ, мошинаи бо таври лазерӣ идорашавандаи заминҳамворкунӣ ва мошинаи тухмипошак бо технолгияи кишти сифрӣ дастрас шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур.

  Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки дар мавриди таҷрибаомӯзии донишҷӯён раёсати донишгоҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиашон дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ, ба мисоли Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и Данғара, хоҷагиҳои таълимӣ – таҷрибавии «Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва «Ёвон»-и ноҳияи Ёвон, ки бо шароити хуби корӣ ва истироҳатӣ фароҳам оварда шудааст, мегузарад. 

     

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон