Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар майдони 694 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардиданд
Хабарҳо / СлайдерСоли 2024 бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 694 гектар боғу токзор, аз ҷумла 682 гектар боғ (аз ин 21 га боғи интенсивӣ) ва 11 гектар токзори нав бунёд гардид. Дар ин росто, 287 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шуд, ки 33 гектари онро токзор ташкил медиҳад. Ин матлабро вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 30-юми январи соли равон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.
Қайд гардид, ки бо тавсияи мутахассисони соҳа барои кам кардани пайдошавии зараррасонҳои боғу токзорҳо масоҳати 82433 гектар коркарди байни қаторҳо, 11188 гектар буридани навдаҳо, 58143 гектар яхобмонӣ ва дар масоҳати 40102 гектар коркарди кимиёӣ гузаронда шуд.
Ҳамзамон дар ин муддат ба муқобили зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 66648 гектар ҳашаротҳои фоидаовар истифода гардид, ки аз он тиллочашмак 11673 гектар, трихограмма 26160 гектар, габрабракон 28815 гектар ва истифодаи домҳои феромонӣ 17394 ададро ташкил медиҳанд.