Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хоҷагии ҷангал: Ниҳолпарварӣ самти афзалиятнок аст
ХабарҳоДар нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 30-юми январи соли равон баргузор шуд, масъулин самти ниҳолпарвариро соҳаи муҳим арзёбӣ намуданд.
Муовини директори Агентӣ Давлаталӣ Шарифзода зимни ҳисоботи худ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки дар ниҳолхонаҳои ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ дар майдони зиёда аз 35 гектар кишти тухмиҳо гузаронда шуда, парвариши зиёда аз 2 млн. 641,8 ҳазор бех ниҳолҳо ба роҳ монда шудааст, ки аз онҳо зиёда аз 1 млн. 241,5 ҳазор бех барои фурӯш ва шинонидан тайёр мебошанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040" дар соли 2024 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои Агентӣ дар майдони 311,6 гектар плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон бунёд гардидааст.