Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ДСРТ: Сафи донишҷӯёни хориҷӣ мефзояд
Хабарҳо / СлайдерДар соли таҳсили 2024 - 2025 шумори донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таҳсил мекунанд, 392 нафар аз 11 давлати ҷаҳон мебошанд. Ин нукта дар нишасти матбуотии Донишгоҳ, ки 31-уми январ баргузор шуд, ироа гардид.
Ректори Донишгоҳ Машраб Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” дар бораи шароит ва таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ посух дода, иброз дошт, ки бештари донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Чин мебошанд. Онҳо на танҳо дар зинаи бакалавр, балки дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура (Phd) дониш меандӯзанд.
Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Бахтовар Қудратуллозода дар идомаи суҳбати ректор афзуд, ки дар шуъбаи рӯзона 176 нафар, дар шуъбаи ғоибона 175 нафар ва 41 нафар шунавандагон аз кишварҳои Федератсияи Россия, Хитой, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, Эрон ва ғайраҳо таълим мегиранд.