Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Донишҷӯён фарҳанги дастархондорӣ меомӯзанд
Хабарҳо / СлайдерҶиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ зиёда 120 донишҷӯ ба омӯзиши курси ройгони «Фарҳанги дастархондорӣ» фаро гирифта шуданд, ки дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси хизматрасон ҷалб мегарданд, - гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи байналмилалиисайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, ки донишҷӯён дар муассисаҳо ва корхонаҳо мегузарад, ҷойи кории худро пайдо менамоянд. Соли гузашта дар донишгоҳ намоишгоҳ – ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони беш аз 70 корхонаю муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ бо пешниҳоди зиёда аз 2000 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ширкат варзиданд. Дар ин намоишгоҳ – ярмарка хатмкунандагони дошингоҳ иштирок карда, аксар ба ташкилоту муассисаҳо барои фаъолият намудан даъват шуданд.