Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ЛЕВАКАНТ: НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИҚТИСОДӢ НИШОНАИ РУШДИ УСТУВОР
Хабарҳо / СлайдерДар соли 2024 нақшаи даромади буҷети шаҳри Левакант 110 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 102,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 9,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Муминзода Мастура, раиси шаҳри Левакант иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ, дар соли сипаригардида иҷрои нақшаи андозҳои буҷети маҳаллӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 112 % таъмин гардида, ба буҷет 79,1 миллион сомонӣ ворид гардид. Ҳамзамон, нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 23,4 миллион сомониро дар бар мегирад, ки 104% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки қарзи андозҳо дар шаҳри Левакант 2,059 миллион сомониро ташкил дода, дар ин давра қарзи музди меҳнат ва фонди нафақа аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.
Ба иттилои Муминзода Табарӣ дар соли 2024 шумораи андозсупорандагон дар шаҳри Левакант ба 714 нафар расид, ки аз ин теъдод 229 нафари онҳо шахсони ҳуқуқӣ, 285 нафар соҳибкорон тибқи патент ва 83 нафар тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд.
Айни замон дар шаҳри Левакант 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 132,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Левакант барои солҳои 2021-2025, ки маблағи умумии 665,4 миллион сомонӣ дорад, 35 лоиҳа пурра татбиқ шуда, 20 лоиҳа дар амал қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳои татбиқшуда ба 1,7 миллиард сомонӣ мерасад, ки ин нишонаи рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба ин шаҳри саноатӣ мебошад.
Тавре раиси шаҳри Левакант зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, соли 2024 дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 475,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондон нисбат ба як соли пешин 39,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ Силсилаи неругоҳҳои Вахш 1,48 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол намуда, нисбат ба соли гузашта 129,8 миллион кВт/соат зиёд барқ тавлид намудаанд. Аммо мутаассифона, дар ин давра қарзи дебитории корхонаҳо ва аҳолӣ ба 73,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла қарзи аҳолӣ ба 18,5 миллион сомонӣ расидааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер Шарифов,
шаҳри Левакант
Мубодила:
Шарҳҳо
![](/images/watertj.jpg)